Дар Тоҷикистон аз Бурҳониддин Раббонӣ бо сипосгузорӣ ёд мекунанд

Шаш сол пеш, 20 сентябри соли 2011 бар асари таркиш дар ҳавлии манзили истиқоматиаш дар Кобул, собиқ президенти Афғонистон ва раиси Шӯрои сулҳи Афғонистон Бруҳониддин Раббонӣ ҳалок шуд. Мақомоти пулиси Кобул он замон итилоъ дода буд, ки бомба дар саллаи маргталаб пинҳон шуда буд. Аксари коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки маҳз бо мусоидати Раббонӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Шаш сол пеш, 20 сентябри соли 2011 бар асари таркиш дар ҳавлии манзили истиқоматиаш дар Кобул, собиқ президенти Афғонистон ва раиси Шӯрои сулҳи Афғонистон Бруҳониддин Раббонӣ ҳалок шуд. Мақомоти пулиси Кобул он замон итилоъ дода буд, ки бомба дар саллаи маргталаб пинҳон шуда буд.

Аксари коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки маҳз бо мусоидати Раббонӣ ва Масъуд гуфтушуниди сулҳи тоҷикон оғоз гардид.

Бурҳониддин Раббонӣ аввалин президенти кишвари хориҷӣ мебошад, ки моҳи декабри соли 1993 бо сафари расмӣ аз Тоҷикистони соҳибистиқлол боздид намуда, дар ҷараёни ин сафар ба ӯ унвони профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дода шуд.

Моҳи июли соли 1993 Раббонӣ дар Кобул роҳбари Хадамоти иктишфи хориҷии Русия Евгений Примаковро ба ҳузур пазируфт. Ба ақидаи коршиноси масоили сиёсӣ Нуралӣ Давлат, маҳз дар ҳамин вохӯрӣ доир ба расидан ба сулҳу созиш дар сарзамини тоҷикон иқдоми аввалин сурат гирифт.

«Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд пешвоёни мухолифини тоҷикро, ки аксарашон дар Афғонистон қарор доштанду аз ҳамон ҷо ба Афғонистон ҳамлаҳо анҷом медоданд, маҷбур карданд, ки сари мизи гуфтушунид нишинанд», – гуфт коршинос.

Ба гуфтаи журналисти тоҷик, муҳаққиқ, профессор Иброҳим Усмонов, зимни сафари аввалини худ ба Тоҷикистон моҳи декбари соли 1993 Бурҳониддин Раббонӣ ба хулосае расид, ки бо Душанбеи расмӣ метавон ҳамкорӣ кард.

Номбурда изҳор намуд, ки маҳз Раббонӣ ташаббускори баргузор намудани вохӯрии аввалини Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пешвои мухолифини тоҷик Саид Абдулло Нурӣ моҳи майи соли 1995 дар Кобул буд.

«Вохӯрии дуюми Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдулло Нурӣ моҳи декабри соли 1996 дар Хусдеҳ аз ҷониби Раббонӣ ва Масъуд ташкил гардида, ин вохӯриро метавон таърихӣ номид, зеро аз рӯи натиҷаҳои он миёни ҷонибҳои даргир санади оташбас ба имзо расид, – гуфт Усмонов. – Баъди анҷоми вохӯрӣ Раббонӣ зимни гусели ҳайати мо изҳор дошт, ки аз ҷониби Тоҷикистон шамоли сулҳ мевазад. Ӯ аз мо дархост кард, ки имкони расидан ба сулҳу созишро аз даст надиҳем. Ӯ чунин гуфта буд: «Мо, афғонҳо чунин имконро аз даст додем, шумо аз даст надиҳед».

Профессор таъкид дошт, ки марҳум Бурҳониддин Раббонӣ олими соҳаи дин ва шахси аз лиҳози маънавӣ пок, лекин ҳеҷ гоҳ ифротгарои мазҳабӣ набуд.

«Бори охир моҳи сентябри соли 2003 ман дар меҳмонии хонаи Раббонӣ будам ва он замон ӯ аз барқарор шудани сулҳу ризоият дар Тоҷикистон самимона хурсандӣ мекард», – афзуд Иброҳим Усмонов.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.