Чаро Мирзиёев ба ИМА бо ҳавопаймои шахсии Усмонов рафт?

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба воситаи ҳавопаймои шахсии миллиардери рус Алишер Усмонов ба шаҳри Ню-Йорки Амрико сафар кардааст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба сомонаи Flightradar24, ки имкони пайгирии ҳавопаймоҳоро дорад, президенти Ӯзбекистон бо ҳавопаймои Airbus A340-313 парвоз кардааст ва он дар радар бо рамзи "M-IABU" сабт шудааст. Манбаъ мегӯяд, ин […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба воситаи ҳавопаймои шахсии миллиардери рус Алишер Усмонов ба шаҳри Ню-Йорки Амрико сафар кардааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба сомонаи Flightradar24, ки имкони пайгирии ҳавопаймоҳоро дорад, президенти Ӯзбекистон бо ҳавопаймои Airbus A340-313 парвоз кардааст ва он дар радар бо рамзи "M-IABU" сабт шудааст. Манбаъ мегӯяд, ин рамз ба ҳавопаймои Усмонов тааллуқ дорад.

Шавкат Мирзиёев ахиран барои иштирок дар иҷлосияи 72-уми Маҷмаи умумии СММ ба Ню-Йорк сафар кард.

Ҳавопаймои Airbus A340-313-и Усмонов яке аз гаронтарин ҳавопаймоҳо дар ҷаҳон ба шумор рафта, 350 миллион доллар арзиш дорад. Он ба номи падари миллиардер — "Бурҳон" номгузорӣ шудааст. Рақами ба қайдгирии ҳавопаймо "M-IABU" буда, чаҳор ҳарфи охири он — «IABU» маънои «I am Алишер Бурҳонович Усмонов»-ро дорад.

Барои чӣ президенти Ӯзбекистон на бо ҳавопаймои давлатӣ, балки бо ҳавопаймои шахсии Усмонов ба Ню-Йорк рафтааст, маълум нест.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.