Поинравии мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги рақобатпазирии иқтисод

Дар рейтинги рақобатпазирии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) мавқеи Тоҷикистон ду зина поин рафта, миёни 137 кишвари дунё мақоми 79-умро ишғол кард. Имтиёзи миёнаи умумии Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаҳои мухталиф 4.1-ро ташкил дод. Соли гузашта Тоҷикистон дар ин феҳрист дар мақоми 77-ум қарор дошт. Миёни кишварҳои узви ИДМ, ки ба ин рейтинг шомиланд, зинаи баландтарро Озарбойҷон […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар рейтинги рақобатпазирии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) мавқеи Тоҷикистон ду зина поин рафта, миёни 137 кишвари дунё мақоми 79-умро ишғол кард.

Имтиёзи миёнаи умумии Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаҳои мухталиф 4.1-ро ташкил дод. Соли гузашта Тоҷикистон дар ин феҳрист дар мақоми 77-ум қарор дошт.

Миёни кишварҳои узви ИДМ, ки ба ин рейтинг шомиланд, зинаи баландтарро Озарбойҷон (35-ум) касб карда, Русия дар мақоми 38, Қазоқистон – 57, Арманистон – 73, Украина – 81 ва Қирғизистон дар зинаи 102-ум ҷойгир шудаанд.

Ба панҷгонаи беҳтарин кишварҳои дорои иқтисоди рақобатпазир Швейтсария, ИМА, Сингапур, Нидерланд ва Олмон шомил гардида, Чад, Мозамбик ва Яман дар зинаҳои охири раддабандӣ қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки зимни таҳияи гузориши WEF коршиносон омилҳоеро аз қабили вазъ ва рушди зерсохтори иқтисодӣ, суботи макроиқтисодӣ, вазъи соҳаи тандурустиву маориф, ҷорисозии навгониҳо дар иқтисод, самаранокии бозори молиявӣ ва кор, ҳаҷми бозори дохилӣ, рақобатпазирии ширкатҳо, имконоти инооватсионӣ ва ғайраро мавриди таҳлил қарор медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.