Тоҷикистон тафтиши воқеъбинонаи лату кӯби шаҳрвандашро дархост кард

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба унвони Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар оид ба тафтиши воқеъбинонаи ҳодисаи лату кӯби муҳоҷири тоҷик, шаҳрванди Тоҷикистон Наврӯз Зикиров муроҷиатнома (нота) фиристод. Муроҷиатномаи мазкур рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 9 рӯз пас пас аз ҳодиса ирсол гардида, аз сафорат имрӯз дар ин бора хабар доданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти […]

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба унвони Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар оид ба тафтиши воқеъбинонаи ҳодисаи лату кӯби муҳоҷири тоҷик, шаҳрванди Тоҷикистон Наврӯз Зикиров муроҷиатнома (нота) фиристод.

Муроҷиатномаи мазкур рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 9 рӯз пас пас аз ҳодиса ирсол гардида, аз сафорат имрӯз дар ин бора хабар доданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти намояндагии дипломатӣ хабар доданд, дар муроҷиатнома дархост шудааст, ки «далели лату кӯби бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистон дақиқкорона ва воқеъбинона мавриди тафтиш қарор гирифта, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд». Ба муроҷиатнома алҳол посух дода нашудааст.

Ба савол доир ба дар куҷо айни замон қарор доштани Наврӯз Зикиров, ки чанд рӯз баъди лату кӯб аз бемориситон рухсатӣ шуда буд, дар сафорат қайд карданд, ки тибқи маълумоти ба онҳо расида, «ӯ феълан дар ватан, Балҷувон қарор дошта, солим аст ва назди волидону оилааш рафтааст».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 20 сентябр посбонони маркази савдои «Москва» муҳоҷири тоҷик Наврӯз Зикировро лату кӯб карданд, ки дар натиҷа ӯ дар бемористон бистарӣ шуд. Ҳамон рӯз баҳри дастгирии ҳамватани худ назди маркази савдо наздики 150 нафар ҷамъ омада, ба муноқиша пардохтанд. Ҳудуди 50 нафари онҳо боздошт шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.