Ташрифи нахусти вазири мудофиаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

Вазири мудофиаи Ӯзбекистон генерал-майор Абдусалом Азизов рӯзҳои 11-13 октябр аз Тоҷикистон боздид мекунад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ин нахустин сафари вазири мудофиаи ҳамсоякишвар ба Тоҷикистон аст. Вазири мудофиаи Ӯзбекистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзҳои 11-13 октябр дар Душанбе доир мегардад, иштирок мекунад. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазири мудофиаи Ӯзбекистон генерал-майор Абдусалом Азизов рӯзҳои 11-13 октябр аз Тоҷикистон боздид мекунад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ин нахустин сафари вазири мудофиаи ҳамсоякишвар ба Тоҷикистон аст.

Вазири мудофиаи Ӯзбекистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзҳои 11-13 октябр дар Душанбе доир мегардад, иштирок мекунад. Азизов дар Душанбе ҳамчунин бо раҳбарияти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва дигар мансабдорони воломақоми сохторҳои қудратии ҳукумат дидору гуфтушунид мекунад.

Абдусалом Азизов моҳи сентябри соли равон вазири мудофиаи Ӯзбекистон таъин шуд. Қаблан ӯ дар мансабҳои вазири корҳои дохилӣ, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, сардори Сарраёсати ВКД дар Тошканд, роҳбари ширкати «Ӯзбекнефтегаз» ва сардори Раёсати ВКД дар вилояти Ҷиззах ифои вазифа кардааст.

Моҳи июни соли равон Абдусалом Азизов ба сифати вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон ба Душанбе ташриф оварда, дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ иштирок ва ҳамчунин бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дидору гуфтушунид анҷом дод.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 11-13 октябр ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ ташрифи ҳайатҳои Русия, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Молдова ва Украина ба Тоҷикистон дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.