Озодии журналисти ӯзбек Солиҷон Абдураҳмонов баъди 9 соли зиндон

Рӯзноманигори ӯзбек Солиҷон Абдураҳмонов баъди солҳои тӯлонӣ аз зиндон раҳо шуд Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мақомоти Ӯзбекистонрӯзи  4 октябр рӯзноманигори мустақил Солиҷон Абдураҳмоновро аз зиндон озод карданд. Вай беш аз 9 сол зиндонӣ буд. Рӯзноманигорро ҳангоми озод шудан аз зиндони шаҳри Қаршӣ намояндаи созмони ҳомии ҳуқуқи "Эзгулик" Абдураҳмон Ташанов пешвоз гирифт. […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Рӯзноманигори ӯзбек Солиҷон Абдураҳмонов баъди солҳои тӯлонӣ аз зиндон раҳо шуд

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мақомоти Ӯзбекистонрӯзи  4 октябр рӯзноманигори мустақил Солиҷон Абдураҳмоновро аз зиндон озод карданд. Вай беш аз 9 сол зиндонӣ буд. Рӯзноманигорро ҳангоми озод шудан аз зиндони шаҳри Қаршӣ намояндаи созмони ҳомии ҳуқуқи "Эзгулик" Абдураҳмон Ташанов пешвоз гирифт.

Гуфта мешавад, Солиҷон Абдураҳмонови 67-сола соли 2008 бо айби истифодаи маводи мухаддир 10 сол зиндонӣ шуд. Вай яке аз рӯзноманигорони ангуштшумор аст, ки дар Қарақалпоқистон фаъолият кардааст.

Ҳалима Бухорбоева, сармуҳаррири пешини нашрияи интернетии Uznews.net, ки чандин сол бо Абдураҳмонов ҳамкорӣ дошт, аз озодии ӯ изҳори хушнудӣ мекунад. Бухорбоева бовар дорад, ки Абдураҳмонов дар пайи иваз шудани ҳукумат ба озодӣ баромадааст.

Тобистони соли 2008 дар мошини Абдураҳмонов маводи мухаддир ёфт шуд. Ӯро дар истифодаи маводи мухаддир айбдор карданд. Аммо баъди натиҷаҳои ташхис, ки ин айбҳоро рад мекард, ӯро дар хариду фурӯши мухаддирот муттаҳам карданд.

Ҳамаи ин солҳо Солиҷон Абдураҳмонов айбҳои эълоншударо рад мекард. Рӯзноманигор бовар дорад, ки маводи мухаддирро кормандони пулис дар мошини вай ҷой кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио