Вазири мудофиаи Русия ба Тоҷикистон меояд

Вазири мудофиаи Русия генерали артиш Сергей Шойгу санаи 11 октябр ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар Душанбе ӯ дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок мекунад. Аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ масоили марбут ба таъмини […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазири мудофиаи Русия генерали артиш Сергей Шойгу санаи 11 октябр ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар Душанбе ӯ дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок мекунад.

Аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ масоили марбут ба таъмини амният дар марзҳои ҷанубии Иттиҳодро дар партави шиддат ёфтани вазъи ҳарбиву сиёсӣ дар Афғонистон ва давлатҳои Шарқи Наздик баррасӣ мекунанд.

Ба ин ҷаласа дар Душанбе ташрифи вазирони мудофиаи Русия, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Молдова ва Украина дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.