Намоишгоҳи тирамоҳии ҳунармандӣ-2017 дар Душанбе

Дар Маркази исмоилияи Душанбе рӯзҳои 13-15 октябр Намоишгоҳи байнулмилалии тирамоҳии ҳунармандӣ доир мегардад. Имсол он ба 5-солагии таъсиси Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон бахшида мешавад. Намоишгоҳ бо ибтикори Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ҳамдастӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ созмон дода мешавад. Муддати се рӯз дар намоишгоҳ маҳсулоти ҳунармандии беш аз […]

Манижа Қурбонова, Asia-Plus

Дар Маркази исмоилияи Душанбе рӯзҳои 13-15 октябр Намоишгоҳи байнулмилалии тирамоҳии ҳунармандӣ доир мегардад. Имсол он ба 5-солагии таъсиси Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон бахшида мешавад.

Намоишгоҳ бо ибтикори Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ҳамдастӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ созмон дода мешавад.

Муддати се рӯз дар намоишгоҳ маҳсулоти ҳунармандии беш аз 100 нафар косибону ҳунармандон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва ҳамчунин аз Қирғизистону Афғонистон ба маърази фурӯшу тамошо гузошта мешаванд.

Дар гӯшаҳои намоишгоҳ маснӯот аз чӯб, маҳсулоти наққошӣ, сабадҳои бофташуда, сӯзанӣ, гулдӯзӣ, сарулибоси замонавии бо шакли миллӣ дӯхташуда, маснӯоти заргарӣ, маҳсулот аз чарм, туҳфаҳо ва ғайра пешкаш хоҳад шуд. Хоҳишмандони омӯхтани нозукиҳои чанде аз касбҳои ҳунармандӣ метавонанд дар машғулиятҳои аз ҷониби ТҒД «Алегрия» ташкилшуда иштирок кунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.