Қаноатмандии БМТ: сомонӣ нисбати доллар 11,7% беқурб шуд

Тӯли 9 моҳи соли равон қурби расмии арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбати доллари амрикоӣ 11,7% поин рафт. Тавре дар маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо қаноатмандӣ қайд мешавад, сарфи назар аз пешбиниҳои бархе аз иқтисодшиносон, ки то 15 сомонӣ боло рафтани қурбро пешгӯӣ мекарданд, қурби пули миллӣ барои 1 доллари ИМА 8,8 сомониро ташкил […]

Asia-Plus

Тӯли 9 моҳи соли равон қурби расмии арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбати доллари амрикоӣ 11,7% поин рафт.

Тавре дар маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо қаноатмандӣ қайд мешавад, сарфи назар аз пешбиниҳои бархе аз иқтисодшиносон, ки то 15 сомонӣ боло рафтани қурбро пешгӯӣ мекарданд, қурби пули миллӣ барои 1 доллари ИМА 8,8 сомониро ташкил дод.

Гуфта мешавад, БМТ бо мақсади муътадил гардонидани вазъи бозори дохилии асъор ва кам кардани фишорҳо ба қурб, дар ҳамин давра маҷмӯи чораю воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, аз он ҷумла дахолатҳои бевоситаи асъориро анҷом дод.

Дар бораи чӣ миқдор маблағ дахолат кардан ба бозори асъор ҷиҳати дар ҳудуди сатҳи пешбинишуда нигоҳ доштани қурби сомонӣ нисбати доллар маълумот дода намешавад. Қайд мекунем, ки дар буҷети давлатии соли 2017 қурби сомонӣ нисбати доллари амрикоӣ дар сатҳи 9,16 сомонӣ зикр шудааст.

«Татбиқи чораҳои мазкур имконият дод, ки фарқияти назарраси дар байни қурбҳо мавҷудбуда, ба маротиб кам шуда, хариду фурӯши асъори нақд аз бозори ғайрирасмӣ ба бозори расмӣ баргардонида шавад, – зикр мегардад дар маълумот. – Дар баробари ин, баландшавии қурби нақдии доллари ИМА ва зиёдшавии фарқияти байни қурбҳои расмӣ ва мубодилавӣ боздошта шуд».

Қобили зикр аст, ки аввали сол қурби расмии 1 доллари ИМА нисбати сомонӣ ба 7,87 сомонӣ баробар буд. Давоми тамоми соли 2016 қурби арзи миллӣ нисбати доллари амрикоӣ ба андозаи 10,8% поин рафт.

Ҳамчунин лозим ба ёдоварист, ки охири соли 2015 ҳамаи нуқтаҳои мубодилаи асъор дар Тоҷикистон баста шуда, аз он замон тамоми амалиёти марбут ба асъор танҳо дар бонкҳо анҷом дода мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.