Нашъаҷаллоб 6 сол дар Русия ва акнун боз 16 сол дар ватан адои ҷазо мекунад

Шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Русия адои ҷазо карда буд, ҳангоми бозгашт дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуда, суд ӯро барои боз ҳамин гуна қонуншиканӣ ба 16 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Тавре ба «Азия-Плюс» Эраҷ Ализода, судяи суди шаҳри Хуҷанд ва ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур хабар […]

Asia-Plus

Шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Русия адои ҷазо карда буд, ҳангоми бозгашт дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуда, суд ӯро барои боз ҳамин гуна қонуншиканӣ ба 16 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» Эраҷ Ализода, судяи суди шаҳри Хуҷанд ва ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур хабар дод, сокини ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ Абдувоҳид Шарипови 34-сола соли 2010 дар Русия барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки он замон аз ӯ 5 кило маводи мухаддир дарёфт шуда буд, ба 6 соли зиндон маҳкум шуда, то ин замон дар Тоҷикистон барои ҳамин амал мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда буд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, он вақт мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми кофтукови хонаи А.Шарипов 54 кило маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира карда буданд.

«Аммо он вақт ба ӯ муяссар шуд, ки паноҳ барад, – гуфт судя. – Акнун баъди адои ҷазо дар Русия, ҳангоми бозгашт ба ватан аввали соли 2017 ӯ аз ҷониби мақмоти ҳифзи ҳуқуқ дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.