Эҳтимоли пайдоиши истилоҳи нави «мардони сабукпо» дар Тоҷикистон

Додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳод кардааст, барои мардоне, ки аз хидмати танфурӯшон истифода мекунанд, ҷазо таъйин шавад. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин пешниҳод дар шакли тарҳи тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон навишта шуда, дар аввали соли 2018 ба порлумон ирсол мегардад. Гуфта мешавад, соли 2015 як таҳқиқот дар Тоҷикистон нишон дод, ки ҳафтод дарсади […]

Радиои Озодӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳод кардааст, барои мардоне, ки аз хидмати танфурӯшон истифода мекунанд, ҷазо таъйин шавад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин пешниҳод дар шакли тарҳи тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон навишта шуда, дар аввали соли 2018 ба порлумон ирсол мегардад.

Гуфта мешавад, соли 2015 як таҳқиқот дар Тоҷикистон нишон дод, ки ҳафтод дарсади мизоҷони занони танфурӯш дар кишвар ҷавонони то 25-сола ҳастанд.

Ҳамин тавр, мардони "сабукпо" истилоҳи наве хоҳад буд, ки эҳтимол пас аз қабули тағйири нав дар қонунгузории Тоҷикистон мавриди истифода қарор бигирад. Ҳоло дар қонунгузории Тоҷикистон фақат занон барои фоҳишагӣ ё танфурӯшӣ ҷазо мегиранд, аммо мардоне, ки аз хидмати онҳо истифода менамоянд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

​Фаррух Рауфов, муовини сардори як раёсати Додситонии кулли Тоҷикистон, рӯзи 17-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар муқоиса ба занҳои танфурӯш мардҳое, ки аз хидмати онҳо истифода мекунанд, ҷазои сахттар хоҳанд гирифт. Вақте талабот ҳаст, пешниҳод ҳаст. Вақте ҳамон мардони ишратҷӯю шаҳватпараст набошанд, сафи ҳамин гуна занҳо низ кам мешавад. Ин лоиҳа, ки аввали соли оянда ба порлумон пешниҳод мешавад, барои пешгирӣ аз фоҳишагӣ ва тарбияи ахлоқии ҷомеа равона шудааст. Ҷарима ва ҳатто ҳабси маъмуриро дар назар дорад.”

Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик, рӯзи 17-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз даҳ соли пеш бо иншои як мақола пешниҳод карда буд, барои фоҳиша шудани як зан бояд 12 мард ҷазо бинад.

Ӯ гуфт, “ҳамеша дар ин масъала баҳои мо яктарафа аст. Занро санги маломат мезанем, вале ҳеҷ вақт инро баррасӣ намекунем, ки агар харидор набошад, мол аз куҷо пайдо мешавад? Гарм будани бозори танфурӯшҳо чанд сабаб дорад, ки аз ҳар паҳлӯе нигоҳ кунем, мардҳо гунаҳкоранд. Харидори танфурӯш ҳам мард аст ва оне, ки ӯро ба ин бозор тела додааст, мард аст.”

Бархе аз мардҳои тоҷик аз ин пешниҳод истиқбол мекунанд. Аммо бархеи дигар мегӯянд, мақомоту занони фурсатталаб метавонанд, ки аз он ба нафъи худ суистифода кунанд. Як ҳамсуҳбати мо гуфт, “албатта, чунин ҷазо барои ҷомеа хуб аст. Аммо бубинед, бо вуҷуди таъйини ҷарима ва ҳабс солҳо боз танфурӯшҳо фаъоланд. Ин қонуни нав ҳам шояд натавонад, ҳамаи мардҳоро аз ин роҳ баргардонад.”

Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои ахир аз афзоиши танфурӯшӣ дар кишвар бонги изтироб мезананд. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки соли гузашта наздик ба ду ҳазор занро ҳамчун “занҳои бадахлоқ” сабт кардаанд.

Соли 2015 порлумон қонуни ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тағйир дод ва ба онҳое, ки ба танфурӯшӣ машғул мешаванд, аз 10 то 20 нишондиҳанда, яъне аз 500 то 1000 сомонӣ ҷарима таъйин кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.