Хайрулло Мирсаидовро ба прокуратура даъват ва боздошт карданд (иловашуда)

Роҳбари дастаи зарофатгӯёну ҳозирҷавобони Тоҷикистон («Сборная КВН Таджикистана») Хайрулло Мирсаидов аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт шуд. Тавре як манбаъ аз прокуратураи вилоят хабар дод, ӯ рӯзи 5 декабр боздошт шуда, корҳои тафтишотиро шуъбаи тафтишоти прокуратураи вилоят анҷом медиҳад. «Ба ӯ мутобиқи моддаи 245 Кодекси ҷинои ҶТ (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, […]

Asia-Plus

Роҳбари дастаи зарофатгӯёну ҳозирҷавобони Тоҷикистон («Сборная КВН Таджикистана») Хайрулло Мирсаидов аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт шуд.

Тавре як манбаъ аз прокуратураи вилоят хабар дод, ӯ рӯзи 5 декабр боздошт шуда, корҳои тафтишотиро шуъбаи тафтишоти прокуратураи вилоят анҷом медиҳад.

«Ба ӯ мутобиқи моддаи 245 Кодекси ҷинои ҶТ (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, ки ба гунаҳгор бовар карда супурда шудааст ё дар ихтиёри ӯ мебошад) айбнома пешниҳод шудааст», – иттилоъ дод манбаъ.

Дар моддаи мазкур ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то ду сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябр Хайрулло Мирсаидов ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо дархости таваҷҷуҳ ба мушкилоти дастаи ҳозирҷавобон дар натиҷаи «фасодзадгии мансабдорони вилояти Суғд» муроҷиат кард.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода дар суҳбати телефонӣ бо «Азия-Плюс» аз шарҳи масъалаи боздошти Хайрулло Мирсаидов худдорӣ варзид.

Ба савол доир ба ҳисобот додани Мирсаидов дар мавриди воситаҳои пештар гирифтааш Зоҳидзода чунин посух дод: «Доир ба ин масъала ҳамаи саволҳоятонро ба прокуратура диҳед».

Хайрулло Мирсаидов роҳбари Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғдро ба дуруғгӯӣ айбдор карда буд.

Дар прокуратураи вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки нимаи дуюми имрӯз маълум хоҳад шуд, ки суд бо дархости прокураура ба ҳабси ӯ иҷозат медиҳад ё боздоштшударо раҳо мекунанд. Айни замон Хайрулло Мирсаидов дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и прокуратураи вилоят нигаҳдорӣ мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, прокурор бидуни иҷозаи суд ба боздошти шаҳрвандон ба муддати 72 соат ҳуқуқ дорад. Дар ин муддат прокурор уҳдадор аст, ки ба суд бо дархости ҳабси гумонбар ба содир намудани ҷиноят муроҷиат кунад.

Агар суд ваҷҳу далелҳои прокурорро нокофӣ донад ё дар санадҳои пешниҳодшуда барои гирифтани иҷоза хатогӣ ёбад, прокурор бидуни иҷозаи суд ҳуқуқ дорад, ки боз гумонбаршударо ба муддати 72 соати дигар дар боздоштгоҳ нигоҳ дорад.

Пас аз ба охир расидани ин муҳлат, агар иҷозаи суд дастрас карда нашавад, прокурор уҳдадор аст, ки гумонбаршударо раҳо кунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио