Муовини сарвазир тамоили бозгашти кӯдакони маъюб ба оилаҳоро дастгирӣ кард

Дар ҳузури муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим чанд рӯз пеш ҷаласаи навбатии Шўрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ҷаласа ҷараёни иҷрои «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ва раванди татбиқи «Барномаи давлатии тавонбахшии  маъюбон […]

АМИТ «Ховар»

Дар ҳузури муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим чанд рӯз пеш ҷаласаи навбатии Шўрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ҷаласа ҷараёни иҷрои «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ва раванди татбиқи «Барномаи давлатии тавонбахшии  маъюбон барои солҳои 2017-2020» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муовини Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки масъалаҳои нигоҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд ва амалишавии ин барномаҳо дар беҳтар гардидани дастрасии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат хоҳанд намуд.

Зимни муҳокимарониҳо махсус зикр гардид, ки ба муҳити оилавӣ баргардонидани кўдакони имконияташон маҳдуд, ки дар муассисаҳои будубоши доимӣ ба хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд, падидаи хуб аст ва ба он бояд идома дод.

Ҳамзамон масъалаҳои муоширату муносибати кормандони иҷтимоии шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳо беҳбудиро тақозо дорад, зеро пиронсолону маъюбон ва дигар шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта ҳамеша ба муносибати некбинона ва ҳайрхоҳона, ки  асоси хизматрасонии иҷтимоӣ маҳсуб меёбанд, ниёз доранд. Ҳангоми баҳодиҳӣ ба фаъолияти ин муассисаҳо муоширату муносибат бояд ҳамчун меъёр ба инобат гирифта шаванд.

Муовини Сарвазир ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Муассисаи давлатии «Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе» супориш дод, ки бо насби дастгоҳҳои муосир истеҳсоли сифатноки маҳсулотро барои таъмини талаботи маъюбон  бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ, махсусан, пойафзоли протезӣ мутобиқи андозаи зарурӣ ба роҳ монанд.

Ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки ба амалишавии сифатноки барномаҳои мазкур, ки ба беҳтар гардидани хизматрасониҳои иҷтимоӣ мусоидат менамоянд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.