Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ замин такон хӯрд

Субҳи имрӯз дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон заминларза рух дод, ки дар маркази он қуввааш 5 баллро ташкил дод. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, соати 07:05 дақиқа ба вақти маҳаллии рӯзи 12 декабр дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуда, маркази он 115 километрии ҷанубу шарқи Душанбе – 6 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Субҳи имрӯз дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон заминларза рух дод, ки дар маркази он қуввааш 5 баллро ташкил дод.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, соати 07:05 дақиқа ба вақти маҳаллии рӯзи 12 декабр дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуда, маркази он 115 километрии ҷанубу шарқи Душанбе – 6 километр дуртар аз шаҳри Кӯлоб муайян шудааст.

«Қувваи заминларза дар марказаш – 5 балл ва шаҳри Кӯлоб – 4 баллро ташкил дода, дар Душанбе заминларза қариб эҳсос нашуд», – гуфтанд дар Хадамот.

Бино ба маълумоти Маркази аврупоии зилзилашиносӣ, маркази заминларза дар чуқурии 47 километр дар қаламрави Тоҷикистон, 12 километр дуртар дар ҷануби шаҳри Кӯлоб воқеъ буда, қувваи он дар марказаш 4,5 баллро ташкил додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.