Сокини Суғд ҳамсару духтари 6-солаашро ба қатл расонид

Кормандони милитсияи вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар қатдли ду нафар сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро боздошт намуданд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса менависад, марди 42-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, устои таъмири хона шабона дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш, зани 36-сола ҷангу ҷанҷол карда, аввал бо корд 17-маротиба ба узвҳои бадани […]

Asia-Plus

Кормандони милитсияи вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар қатдли ду нафар сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро боздошт намуданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса менависад, марди 42-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, устои таъмири хона шабона дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш, зани 36-сола ҷангу ҷанҷол карда, аввал бо корд 17-маротиба ба узвҳои бадани занаш ва сипас 6 маротиба ба узвҳои бадани духтари 8-солааш зарба задааст, ки дар натиҷа, зан ва фарзанди ноболиғаш аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, баъдан номбурда ба хонаи ҳамдеҳааш, марди 36-сола меравад ва бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба гарданаш зарба мезанад, ки бар асари он ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.