Ошкор шудани 171 млн. сомонӣ зиён дар сохторҳои давлатӣ

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон давоми соли 2017 дар вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетии кишвар 349 санҷиш гузаронида, дар ҳаҷми 171,4 млн. сомонӣ (ҳудуди 20 млн. доллар бо қурби ҳозира) зиён ошкор намуд. Муовини раиси Палатаи ҳисоб Зафар Азимӣ имрӯз зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки зиёни аз ҳама бештар – 65,5 млн. сомонӣ аз […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон давоми соли 2017 дар вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетии кишвар 349 санҷиш гузаронида, дар ҳаҷми 171,4 млн. сомонӣ (ҳудуди 20 млн. доллар бо қурби ҳозира) зиён ошкор намуд.

Муовини раиси Палатаи ҳисоб Зафар Азимӣ имрӯз зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки зиёни аз ҳама бештар – 65,5 млн. сомонӣ аз фурӯш ва иҷораи амволӣ давлатӣ расида, зарар аз паст нишон додан ё рӯйпӯш кардани андоз – 59,3 млн. ва баланд нишон додани ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмон – 15 млн. сомониро ташкил медиҳад.

«Зимни санҷишҳо дар Вазорати тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолӣ – 4 млн., Вазорати кишоварзӣ – 2,8 млн., Кумитаи телевизиону радио – 2,7 млн., Агентии таъмини амволи махсус – 2,1 млн. ва Вазорати корҳои хориҷӣ – 1,7 млн. сомонӣ зарар ошкор гардид», – қайд кард номбурда.

Сараудитори Палата Маҳмадалӣ Самизода иттилоъ дод, ки зимни гузаронидани санҷиш дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ҳаҷми 3,4 млн. сомонӣ зиён ошкор гардида, беш аз 93 фоизаш ба буҷет баргардонида шуд.

«Маблағи зиёни ошкоршуда зимни санҷиш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – 2,8 млн., Файзобод – 1,2 млн., Айнӣ ва Варзоб – 1,1 млн., Лахш – 832 ҳазор, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ – 672 ҳазор, Ҳамадонӣ – 650 ҳазор, Дӯстӣ – 468 ҳазор, Шуғнон – 435 ҳазор, Ишкошим – 471 ҳазор ва Мурғоб – 423 ҳазор сомониро ташкил дод», – қайд кард ӯ.

Номбурда илова намуд, ки дар чанде аз ноҳияҳо маблағи зарар пурра – 100 фоиз барқарор шуда, дар боқимонда ноҳияҳо корҳои баргардонидани воситаҳо ба буҷет идома доранд ва соли равон дар дигар шаҳру навоҳӣ низ санҷишҳо гузаронида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки соли 2016 Палатаи ҳисоб дар ҷараёни санҷишҳои сохторҳои давлатӣ наздики 224 млн. сомонӣ зиён ба давлатро ошкор карда буд. Коҳиши маблағ аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 ба кам шудани санҷишҳо, аз ҷумла санҷишҳои соҳибкорони ҷумҳурӣ марбут аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.