Вазорати рушди иқтисод: рафтори корманди мо «амали нангин» аст

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон амалҳои коррупсионии собиқ корманди худ Аскар Нурализодаро «падидаи нагин» унвон карда, ба мубориза дар ин самт тақвият бахшид. «Мо ҳама аз ин ҳодисаи нангин дар шигифт буда, баъди ин ҳодиса барои худ ба хулосаҳои даркорӣ расидем», – гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе муовини аввали роҳбари ин вазорат […]

Пас аз боздошти корманди худ ин ниҳод мубориза бо коррупсияро пурзӯр намуд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон амалҳои коррупсионии собиқ корманди худ Аскар Нурализодаро «падидаи нагин» унвон карда, ба мубориза дар ин самт тақвият бахшид.

«Мо ҳама аз ин ҳодисаи нангин дар шигифт буда, баъди ин ҳодиса барои худ ба хулосаҳои даркорӣ расидем», – гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе муовини аввали роҳбари ин вазорат Завқӣ Завқизода.

Номбурда ба рӯзноманигорон итминон дод, ки баъди ин амал дар вазорат баҳри минбаъд пешгирии чунин ҳодисаҳо аз тамоми имконот ва тадбирҳо кор мегиранд.

«Нақшаи чорабиниҳо дар ин самт қабул шуд, бо кормандон чандин маротиба корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд, дар тамоми долону кабинетҳо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ гузошта шуд, то амали ҳар як корманд зери назорат бошад», – гуфт ӯ.

Мувофиқи ин чорабиниҳо, минбаъд ҳар як барномаи давлатии сармоягузорӣ на аз ҷониби вазорат, балки аз ҷониби комиссияи махсуси ҳукумат қабул шуда, ҳар як лоиҳа танҳо баъди аз тарафи ин комиссия маъқул шуморида шудан, ба барнома дохил мешавад.

«Аз ҳама муҳимаш дар ин самт он аст, ки ба санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар бораи таҳияи барномаи давлатии сармоягузорӣ тағйирот ворид шуд», – илова кард Завқизода.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш корманди яке аз сарраёсатҳои ин вазорат Аскар Нурализода барои тамаъҷӯии ним миллион доллар пора ба 11 соли зиндон маҳкум шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.