Раҳматулло Зойиров: «Шуҳрат Қудратов моҳи август озод мешавад, вале ман розӣ нестам»

Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон изҳор медорад, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон тасдиқ намудаанд, ки зерҳимояи ӯ, адвокати маҳкумшуда Шуҳрат Қудратов рӯзи 26 августи соли равон озод карда мешавад. «Прокуратураи генералӣ ва Вазорати адлия дар посух ба мактуби Дилафрӯз Қурбонова, ҳамсари Шуҳрат, қайд кардаанд, ки ӯ бояд 26 августи соли 2018 ба озодӣ барояд. Дар нома […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон изҳор медорад, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон тасдиқ намудаанд, ки зерҳимояи ӯ, адвокати маҳкумшуда Шуҳрат Қудратов рӯзи 26 августи соли равон озод карда мешавад.

«Прокуратураи генералӣ ва Вазорати адлия дар посух ба мактуби Дилафрӯз Қурбонова, ҳамсари Шуҳрат, қайд кардаанд, ки ӯ бояд 26 августи соли 2018 ба озодӣ барояд. Дар нома навишта шудааст, ки Қудратов ба рӯйхати авфи эълоншуда ба ифтихори 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дохил нашудааст», – қайд кард Зойиров.

Аммо ӯ ба ин розӣ нест. «Ман хулосаи ҳуқуқӣ омода крадам, ки мувофиқи он, Қудратов бояд мавиди авф қарор мегирифт ва кайҳо бояд дар озодӣ қарор медошт. Ин хулосаро ба Суди олӣ, Ваколатдори ҳуқуқи инсон, Прокуратураи генералӣ ва Вазорати адлия мефиристам», – иброз дошт Раҳматилло Зойиров.

Адвокат Шуҳрат Қудратов, ки санаи 20 январ 40-сола шуд, 13 январи соли 2015 ба иттиҳоми порадиҳӣ ва қаллобӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуда, баъдан 3 марти ҳамин сол Суди олӣ муҳлати ҷазои ӯро ба 5 солу 4 моҳ кам кард ва ӯро ба пардохти 87,6 ҳазор сомонӣ ҷарима уҳдадор намуд, ки маблағи ҷарима базудӣ пардохт шуд.

Шуҳрат Қудратов яке аз адвокатҳои соҳибкори ба 26 соли зиндон маҳкумшуда Зайд Саидов мебошад, ки аз манфиатҳои ӯ ҳимоя мекард.

Қобили зикр аст, ки дар авфи эълоншуда ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон 12 ҳазор нафар озод шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.