Тоҷикистону Ӯзбекистон Шӯрои кории муштарак таъсис медиҳанд

Дар доираи фаъолияти Шӯрои корӣ кишварҳо ба маблағи наздики 15 млн. доллар қарордодҳо ба имзо расониданианд. – Ӯзбекистон таъсиси Шӯрои кории муштарак бо Тоҷикистонро пешниҳод мекунад, – хабар додааст ба васоити ахбори умуми Ӯзбекистон раиси Палатаи савдо ва саноати ин кишвар Адҳам Икромов. Ба гуфтаи ӯ, ҷаласаи нахустини Шӯрои кории Тоҷикиситону Ӯзбекистон дар доираи сафари […]

Дар доираи фаъолияти Шӯрои корӣ кишварҳо ба маблағи наздики 15 млн. доллар қарордодҳо ба имзо расониданианд.

– Ӯзбекистон таъсиси Шӯрои кории муштарак бо Тоҷикистонро пешниҳод мекунад, – хабар додааст ба васоити ахбори умуми Ӯзбекистон раиси Палатаи савдо ва саноати ин кишвар Адҳам Икромов.

Ба гуфтаи ӯ, ҷаласаи нахустини Шӯрои кории Тоҷикиситону Ӯзбекистон дар доираи сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баргузор мешавад.

Адҳам Икромов қайд кардааст, ки таъсиси Шӯрои корӣ миёни кишварҳо бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон роҳандозӣ шудааст.

«Дар ҷаласаҳои Шӯрои кории кишварҳо масоили мавриди таваҷҷуҳи доираҳои соҳибкорон ва тоҷирони Ӯзбекистону Тоҷикистон баррасӣ мешаванд», – гуфтааст ӯ.

Икромов илова намудааст, ки дар чаҳорчӯби фаъолияти Шӯрои корӣ Ӯзбекистону Тоҷикистон ният доранд, ки ба маблағи ҳудуди 15 млн. доллар қарордоду шартномаҳо ба имзо расонанд.

Қаблан зикр гардида буд, ки рӯзҳои 7-9 март дар Душанбе намоишгоҳ-фурӯши молу маҳсулоти Ӯзбекистон ва ҳамчунин форуми доираҳои соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".