Эҳтимоли ҷоришавии «сахттарин таҳримҳои таърихӣ»-и ИМА нисбати Эрон

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфтааст, Вашингтон фишори молии Теҳронро бештар ва "сахттарин таҳримҳои таърихӣ"-ро ҷорӣ мекунад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Помпео изҳор доштааст, ки «ИМА фишорҳои молии бесобиқаро нисбати режими Эрон амалӣ мекунад ва роҳбарон нисбати ҷиддӣ будани тасмими мо шубҳа нахоҳанд дошт». Ба гуфтаи вай, "агар режими Эрон сиёсаташро тағйир […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфтааст, Вашингтон фишори молии Теҳронро бештар ва "сахттарин таҳримҳои таърихӣ"-ро ҷорӣ мекунад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Помпео изҳор доштааст, ки «ИМА фишорҳои молии бесобиқаро нисбати режими Эрон амалӣ мекунад ва роҳбарон нисбати ҷиддӣ будани тасмими мо шубҳа нахоҳанд дошт».

Ба гуфтаи вай, "агар режими Эрон сиёсаташро тағйир надиҳад, зарбаи таҳримҳо хеле сахт хоҳад буд".

Вай талабҳои ИМА-ро аз Эрон бори дигар такрор кардааст, ки миёни онҳо даст кашидан аз сохтани мушакҳои болдори байниқоравӣ ва берун овардани артиш аз Сурия ҳастанд.

Рӯзи 10 май Вашингтон таҳримҳои зидди Эронро густариш дод. Шаш шаҳрванд ва се ширкати эронӣ шомили рӯйхати таҳримҳои нав шуданд.

Қобили зикр аст, ки Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи 8 май эълон кард, ки кишвараш аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон хориҷ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.