Ташрифи мансабдори давлатии воломақоми Чин ба Душанбе

Муовини раиси Кумитаи доимоамалкунандаи Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Чин Алехен Еминбахэ пагоҳ, 23 май бо сафари серӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҶТ, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди Алехен Еминбахэ бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ва сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар назар аст. […]

Asia-Plus

Муовини раиси Кумитаи доимоамалкунандаи Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Чин Алехен Еминбахэ пагоҳ, 23 май бо сафари серӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҶТ, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди Алехен Еминбахэ бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ва сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар назар аст.

Гуфта мешавад, муовини раиси кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алехен Еминбхахе ва ҳамроҳони ӯ ҳамчунин аз осорхонаи миллӣ, «Кохи Наврӯз», Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2,  майдони  «Дӯстӣ»,  боғи устод Рӯдакӣ,  маҷмааи нишон ва Парчами миллии Тоҷикистон  ва ҷойҳои зебоманзараи ноҳияи Варзоб боздид мекунанд.

Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Чин мақоми олии ҳокимияти давлатӣ (парлумон)-и Чин мебошад. Ба ҳайати он вакилон аз музофоту ноҳияҳои мухтор, шаҳрҳои тобеи марказ ва қувваҳои мусаллаҳ шомиланд. Вакилони ин маҷлис ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд.

Узви Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин даъвати 19-ум, муовини раиси Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Чин даъвати 13-ум Алехен Еминбахэ 65-сола буда, миллаташ уйғур аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.