Дастёбии толибилмони тоҷик қариб ба ҳамаи медалҳо дар олимпиадаи Ҳиндустон

Баҳром Файзуллоев, махсус барои Asia-Plus

Дар Олимпиадаи ҳафтуми байнулмилалӣ, ки рӯзҳои 20-26 май дар Донишгоҳи Амити (Amity University)-и шаҳри Ноидаи Ҳиндустон доир гардид, толибилмони тоҷик 12 медали тилло ба даст оварда, ғолиби олимпиада шуданд.

«Олимпиада аз рӯи фанҳои физика, математика, кимиё ва биология гузаронида шуда, дар он толибилмони 15 давлат – Афғонистон, Охзарбойҷон, ИМА, Бангладеш, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон Қирғизистон, Непал, Молдова, Руминия, Индонезия ва дигар кишварҳо иштирок доштанд», – хабар медиҳад сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон.

Тавре ба «Азия-Плюс» тариқи вайбер аз Ҳиндустон яке аз роҳбарони дастаи Тоҷикистон Акмал Мирзоев дар ин робита хабар дод, мактаббачагони Тоҷикистон маротибаи дуюм аст, ки дар ин олимпиада ширкат меварзанд.

Дастаи Тоҷикистон аз 29 нафар толибилмон – хонандагони Маркази рушди қобилияти Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (роҳбарон Равшан Каримов – омӯзгори математика ва Одилҷон Маматов – омӯзгори забони англисӣ), литсейҳо барои хонандагони болаёқати шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд (роҳбар Акмал Мирзоев – омӯзгори математика) иборат буда, ҳамаи онҳо ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд: толибилмони тоҷик 12 медали тилло, 5 нуқра, 8 биринҷӣ ва 6 ҷойи ифтихориро ба даст оварданд.

Дар маросими тантанавии анҷоми Олимпиада, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда доир гурдид, кормандони сафорати Тоҷикистн дар Ҳиндустон ҳузур доштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...