Конфронси шашуми ҳамкории Тоҷикистону Русия дар Душанбе

Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Ҳамкории байниминтақавӣ ҳамчун омили рушди фаъолияти корӣ» Конфронси шашуми ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Русия доир мегардад. Конфронс аз ҷониби Вазоратҳои рушди иқтисоди ҳарду кишвар бо дастгирии Фонди «Росконгресс» гузаронида мешавад. Дар доираи барномаи кории Конфросн баргузории мизҳои гирд оид ба мавзӯъҳои марбута ва биржаи робитаҳои корӣ барои иштиркочиён дар назар буда, […]

Asia-Plus

Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Ҳамкории байниминтақавӣ ҳамчун омили рушди фаъолияти корӣ» Конфронси шашуми ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Русия доир мегардад.

Конфронс аз ҷониби Вазоратҳои рушди иқтисоди ҳарду кишвар бо дастгирии Фонди «Росконгресс» гузаронида мешавад.

Дар доираи барномаи кории Конфросн баргузории мизҳои гирд оид ба мавзӯъҳои марбута ва биржаи робитаҳои корӣ барои иштиркочиён дар назар буда, бо иштироки намояндагони дастгоҳҳои Президентҳои Русия ва Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, доираҳои корӣ, корхонаву ташкилотҳо ва намояндагони васоити ахбори умум ҷаласаи умумӣ (пленарӣ) доир мегардад.

Зимни кори конфронс масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба байни минтақаҳо дар бахшҳои кишоварзӣ, муҳоҷирати корӣ, рушди робитаҳои гуманитарӣ, саноат ва зербинои нақлиёт, тақвияти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ҳамчунин имзои созишномаҳо, аз ҷумла қарордоди содиротӣ байни ҶДММ «Трактор» ва ҶДММ «Сароб» (оид ба тракторҳои хурд ва таҷҳизот) ва Созишномаи ҳамкорӣ байни Палдлатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва вилояти Липетски Русия дар назар аст.

Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯби кори конфронс доир ба мавзӯъҳои «чӣ гуна ба бозори Тоҷикистон мебояд ворид шуд» ва «чӣ гуна ба пешбурди маҳсулоти Тоҷикистон дар бозорҳои Русия метавон даст ёфт» машғулиятҳои намояндагони муваффақи ин соҳаҳо баргузор мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.