Се духтару як писар: сокини 22-солаи Тоҷикистон чоргоник ба дунё овард

Сокини 22-солаи шаҳри Бохтар Заррина Неъматова чоргоник – 3 духтару 1 писар ба дунё овард. Модар ва тифлонаш худро хуб ҳис мекунанд. Тавре ба «Азия-Плюс» Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати ташкили хизматгузории тиббӣ ба модарону кӯдакони Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, чоргоникҳо дар таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе ба дунё омада, вазнашон аз 1500 […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Сокини 22-солаи шаҳри Бохтар Заррина Неъматова чоргоник – 3 духтару 1 писар ба дунё овард. Модар ва тифлонаш худро хуб ҳис мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати ташкили хизматгузории тиббӣ ба модарону кӯдакони Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, чоргоникҳо дар таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе ба дунё омада, вазнашон аз 1500 то 1700 граммро ташкил медиҳад.

«Ин таваллуди нахусти Заррина Неъматова буда, барояш ва тифлони навзод бе ҳеҷ гуна мушкилӣ анҷом ёфт», – иброз дошт номбурда.

Ба гуфтаи табибон, Заррина ва ҳамсараш Фаррух Субҳонқулов алҳол каме ҳайратзадаву дар шигифт бошанд ҳам, лекин хеле хушбахту хурсанданд. Онҳо донишҷӯёни Донишщгоҳи тиббӣ буда, соли гузашта издивоҷ кардаанд. Манзили худро надоранд, бо волидони Фаррух иқомат дошта, дар Душанбе хона иҷора гирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2017 сокини Душанбе Гулшан Маҷнунова низ чоргоник тавалллуд карда, ба оилаи онҳо хонаи сеҳуҷрагии муҷаҳҳаз бо тамоми асбобу лавозимоти рӯзгор туҳфа шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.