Ифтитоҳи фурӯшгоҳҳои нави автомашинаҳои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон

Ӯзбекистон ният дорад, ки дар минтақаҳои Тоҷикистон фурӯшгоҳҳои нави автомобили истеҳсоли ин кишварро боз намояд. Дар бораи ин нақшаҳо хадамоти ҶС «Узвавтосаноат» хабар дод. «GM Uzbekistan дар самти рушди бомароми муносибатҳои шарикона миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон корҳои зиёдеро ба сомон мерасонад», – қайд мешавад дар маълумоти хадамоти матбуот. Гуфта мешавад, соли 2017 апвтомобили истеҳсоли Ӯзбекистон бори […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ӯзбекистон ният дорад, ки дар минтақаҳои Тоҷикистон фурӯшгоҳҳои нави автомобили истеҳсоли ин кишварро боз намояд. Дар бораи ин нақшаҳо хадамоти ҶС «Узвавтосаноат» хабар дод.

«GM Uzbekistan дар самти рушди бомароми муносибатҳои шарикона миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон корҳои зиёдеро ба сомон мерасонад», – қайд мешавад дар маълумоти хадамоти матбуот.

Гуфта мешавад, соли 2017 апвтомобили истеҳсоли Ӯзбекистон бори нахуст дар доираи намоишгоҳи Made in Uzbekistan ва форуми муштараки тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе муаррифӣ шуд.

Моҳи сентябри соли гузашта дар Тоҷикистон фурӯшгоҳи мутамаркази «Равон» боз гардида, фурӯши автомашинаҳои истеҳсоли Ӯзбекистон – Damas, Labo, Spark, Сobalt, Gentra ва Nexi оғоз гардид.

«Аз моҳи сентябри соли гузашта ба маблағи 1,3 млн. доллар автомобилҳо ба Тоҷикистон ворид шуданд», – таъкид мешавад дар хабар.

Дар ширкат зикр мекунанд, ки ояндаи наздик ифтитоҳи боз якчанд фурӯшгоҳҳои автомобилҳо дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Дар фурӯшгоҳи автомобилҳои истеҳсоли Ӯзбекистон, ки соли гузашта дар пойтахт ба фаъолият шурӯъ кард, ба сокинони Тоҷикистон автомашинаҳои сабукрави «Равон», тамғаҳои R2, R4, Gentra, Nexia R3, Damas, ҳамчунин автомашинаи хурди боркаши Labo пешниҳод мешавад. Дар назди фурӯшгоҳ ҳамчунин нуқтаи хизматрасонӣ ва анбори қисмҳои эҳтиётӣ низ ҷойгир шудааст.

«Коҳиши меъёрҳои боҷи гумрукӣ ба воридоти автомобил барои ба ҷумҳурӣ овардани автомашинаҳои тамғаи «Равон» мустақиман аз корхонаи истеҳсолкунанда дар муҳлати кӯтоҳ имкон медиҳад. Бо фармоиши харидор автомашина дар муҳлати аз 2 то 10 рӯз ба Душанбе оварда мешавад, ки афзалияти мо нисбат ба дигар ширкатҳост. Ғайр аз ин, нарҳои дастрас ва сифати хуби автомашинаҳои «Равон» барои тоҷикистониён писандида аст. Автомашинаҳо ба меъёрҳои бехатарии ISO ва дигар талаботи истеҳсоли автомобилҳо дар ҷаҳон ҷавобгӯ мебошанд», – хабар дода буд қаблан ба «Азия-Плюс» директори фурӯшгоҳ Фаррух Замонов.

Ӯ он замон иттилоъ дода буд, ки нархи автомашинаҳои истеҳоли Ӯзбекистон аз 7 ҳазору 450 доллар (Ravon R2) то 12 ҳазору 700 доллар (Ravon Gentra)-ро ташкил медиҳанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.