Садамаи қатора дар Туркия; 24 одам кушта ва беш аз 70 тан маҷрӯҳ шуданд

Субҳи рӯзи душанбе дар Туркия як қатораи мусофирбар ба садама дучор шуд. Бино ба итттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин қатора аз Туркия ба Юнону Булғористон ҳаракат мекард. Ҳадди ақал шаш қатори он аз роҳи оҳан берун рафтаанд. Гуфта мешавад, дар ин қатора 360 мусофир ҳузур доштанд. Бино ба хабарҳои охир, 24 мусофир фавтида, бештар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Субҳи рӯзи душанбе дар Туркия як қатораи мусофирбар ба садама дучор шуд.

Бино ба итттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин қатора аз Туркия ба Юнону Булғористон ҳаракат мекард. Ҳадди ақал шаш қатори он аз роҳи оҳан берун рафтаанд.

Гуфта мешавад, дар ин қатора 360 мусофир ҳузур доштанд. Бино ба хабарҳои охир, 24 мусофир фавтида, бештар аз 70 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар ҷои ҳодиса 100 мошини "Ёрии таъҷилӣ" равуо доранд ва мақомоти Туркия ҳамчунин чархболҳои наҷотдиҳандаро ба ин ҷо фиристодаанд.

Ба гуфтаи мақомот, вазъи номусоиди ҳаво боиси садама шудааст. Дар минтақаи садама борони шадид мерехт ва роҳи оҳанро сел пур кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.