Аз пайвастани хатмкардагони мактабҳои Душанбе ба сафҳои Давлати исломӣ пешгирӣ шуд

Чор нафар ҷавонони ҳанӯз чанде пеш мактабхон дар ҷануби ҷумҳурӣ дар марз бо Афғонистон ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳад боздошт шуданд. Маълум шуд, ки онҳо ба сафҳои созмони террористии Давлати исломӣ пайвастанӣ будаанд. – Кормандони мақомоти қудратӣ ҷавонони синни 17-18-соларо замони гузаштан аз сарҳад боздошт намуданд, – хабар дод зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати минтақавии Агентии […]

Билоли Шамс, Asia-Plus, Кӯлоб

Чор нафар ҷавонони ҳанӯз чанде пеш мактабхон дар ҷануби ҷумҳурӣ дар марз бо Афғонистон ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳад боздошт шуданд. Маълум шуд, ки онҳо ба сафҳои созмони террористии Давлати исломӣ пайвастанӣ будаанд.

– Кормандони мақомоти қудратӣ ҷавонони синни 17-18-соларо замони гузаштан аз сарҳад боздошт намуданд, – хабар дод зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати минтақавии Агентии назорати маводи нашъаовар дар Кӯлоб Муҳаббат Абдуллозода.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи боздоштшудагон хатмкардагони мактабҳои таҳсилоти умумии Душанбе мебошанд, лекин маҳз кадом мактабҳо, саҳеҳ гуфта нашуд. Падару модарони онҳо зодагони ноҳияҳои минтақаи ҷануб – Шамсиддини Шоҳин ва Лахш буда, наврасон аз волидон гӯё барои аёдати хешу ақрабояшон рухсат гирифтаанд.

Дар бораи нияти ба сафҳои Давлати исломӣ пайвастани онҳо кормандони мақомоти қудратӣ аз гуфтугӯҳои телефонии ҷавонон огоҳ шудаанд.

«Кормандони фаврии мақомот гуфтугӯҳои телефонии онҳоро бо намояндагони Давлати исломӣ дар Афғонистон гӯш кардаанд. Як рӯз пеш то кӯшиши гузаштани сарҳад, яке аз онҳо қитъаҳои марзро омӯхтааст, то ки барои гузаштан ҷойӣ бобу қулай интихоб кунад», – қайд кард Абдуллозода.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати ҳамаи боздоштшудагон мутобиқи моддаи 401, дараҷаи 1 (Ҷалби ғайриқонунӣ ва иштироки шаҳрвандони ҶТ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар воҳидҳои мусаллаҳ, низоъи мусаллаҳ ё амалҳои ҳарбӣ дар қаламрави дигар давлатҳо)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио