Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба сарони кишварҳои ИМА, Швейтсария ва подшоҳи Нидерланд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар робита ба ҳалокати сайёҳон дар ноҳияи Данғара рӯзи 29 июл ба Президенти ИМА Доналд Трамп, Подшоҳи Шоҳигарии Нидерландия Виллем-Александр ва  Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ален Берсе барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар барқияҳо қайд мешавад, ки марги фоҷебаори ду шаҳрванди ИМА, як шаҳрванди Нидерланд […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар робита ба ҳалокати сайёҳон дар ноҳияи Данғара рӯзи 29 июл ба Президенти ИМА Доналд Трамп, Подшоҳи Шоҳигарии Нидерландия Виллем-Александр ва  Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ален Берсе барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар барқияҳо қайд мешавад, ки марги фоҷебаори ду шаҳрванди ИМА, як шаҳрванди Нидерланд ва як шаҳрванди Швейтсарияро бар  асари аз ҷониби ронандаи автомобил пахш кардани гурӯҳи сайёҳони велосипедрон дар яке аз шоҳроҳҳо дар Тоҷикистон бо андӯҳи бузарг ва таассуфи бепоён қабул карданд.

«Ҷиҳати муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амали золимона хадамоти дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд», – таъкид мешавад дар барқияҳо.

Дар барқияҳо Сарвари давлати Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки ба наздикону пайвандони сайёҳони фавтида ҳамдардиву тасаллияти амиқ расонида шавад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29 июли соли 2018, соати 15.30-дақиқа, ҳангоми ҳаракати велосипедронони хориҷӣ дар ҳайати 7 нафар дар минтақаи ҷамоати Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз тарафи ронандаи нақлиёти ба тафтишот номаълум пахш карда шуд. Дар натиҷаи ин ҳодиса 3 нафар хориҷиён дар ҷои ҳодиса ва 1 нафар дар беморхонаи ноҳияи Дангара ба ҳалокат расиданд.

Амалиёти ошкор ва дастгир кардани шахсони ба инҳодиса дастдошта зери назорати шахсии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо дастури Роҳбари давлат тамоми ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ барои дастгир кардани ҷинояткорон сафарбар карда шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.