«Сомон Эйр» парвоз ба Тошкандро барқарор ва ба Бухоро хатсайр боз мекунад

Бо мақсади рушд ва таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро бо хатсайри Душанбе – Тошканд – Душанбе барқарор намуд. Рӯзи 28 июл ҳавопаймои навъи Боинг 737-300-и ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Душанбе ба пойтахти Ӯзбекистон парвоз кард. «Вақти парвоз бо ин хатсайр 45 дақиқаро ташкил дода, […]

Asia-Plus

Бо мақсади рушд ва таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро бо хатсайри Душанбе – Тошканд – Душанбе барқарор намуд.

Рӯзи 28 июл ҳавопаймои навъи Боинг 737-300-и ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Душанбе ба пойтахти Ӯзбекистон парвоз кард.

«Вақти парвоз бо ин хатсайр 45 дақиқаро ташкил дода, парвоз бо ин хатсайр ҳафтае як маротиба – рӯзҳои ҷумъа анҷом дода мешавад», – хабар доданд аз дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ.

Ғайр аз ин, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ширкати ҳавопаймоӣ бори нахуст дар таърихи авиатсияи гражданӣ моҳи август ният дорад, ки ба роҳандозии парвозҳо бо хатсайри Душанбе – Бухоро – Душанбе оғоз бахшад.

«Ҷузъиёти роҳандозии хатсайри мазкур алҳол мавриди омӯзишу таҳлил қарор дошта, дар бораи он ба таври иловагӣ хабар дода мешавад», – гуфт манбаъ.

Барои дарёфти маълумоти муфассал метавон ба Call-маркази ширкати ҳавопаймоӣ бо телефонҳои 44-640-40-40/49/50 муроҷиат намуд.

Қобили зикр аст, ки айни замон ширкати ҳавопайоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Туркия, Чин, Русия ва Қазоқистон муваффақона анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.