Раиси вилояти Суғд узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуд

Дар вилояти Суғд ва ВМКБ охири ҳафтаи гузашта ба ивази се узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки ваколдатҳояшон қатъ гардида буд, интихоботи пешазмуҳлат доир гардид. Интихоботи пешазмуҳлати вакилони нави палатаи болии парлумони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан ва Хоруғ баргузор шуд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумони кишвар. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар вилояти Суғд ва ВМКБ охири ҳафтаи гузашта ба ивази се узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки ваколдатҳояшон қатъ гардида буд, интихоботи пешазмуҳлат доир гардид.

Интихоботи пешазмуҳлати вакилони нави палатаи болии парлумони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан ва Хоруғ баргузор шуд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумони кишвар.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ноҳияи Рӯшон Имомназар Хоҷаназар ва раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода аъзои нави Маҷлиси миллӣ интихоб шуданд.

Охири моҳи апрели соли ҷорӣ соиқ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, шаҳри Истаравшан Наим Набизода ва шаҳри Хоруғ Қиматгул Алибердиева бо хоҳиши худ аз ваколатҳои узви Маҷлиси миллӣ даст кашиданд. Ваколати Қодирӣ ба сифати муовини раиси палатаи болоии парлумон низ қатъ шуд.

Қобили зикр аст, ки 25 нафар аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (5-нафарӣ аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб карда, 8 нафарро президенти кишвар бо фармони худ таъин мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.