Ду нафари дастдошта дар пахши сайёҳон кушта, 1 нафар боздошт ва 1 тани дигар ҷустуҷӯ мешавад

Дар ҷараёни амалиёти махсус як гурӯҳи шахсоне ошкор шуданд, ки дар Данғара бо автомашина сайёҳонро пахш намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар мавзеи деҳаи Торбулоқ шахсони ҷиноят содирнамуда муайян гардида, 1 нафар дастгир ва 2 нафар ҳангоми муқобилият намудан нобуд карда шуданд. Барои дастгир намудани дигар шарикони ҷинояткор чораҳо андешида шуда истодааст. […]

Asia-Plus

Дар ҷараёни амалиёти махсус як гурӯҳи шахсоне ошкор шуданд, ки дар Данғара бо автомашина сайёҳонро пахш намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар мавзеи деҳаи Торбулоқ шахсони ҷиноят содирнамуда муайян гардида, 1 нафар дастгир ва 2 нафар ҳангоми муқобилият намудан нобуд карда шуданд. Барои дастгир намудани дигар шарикони ҷинояткор чораҳо андешида шуда истодааст.

Амалиёти ошкор ва дастгир кардани шахсони ба инҳодиса дастдошта зери назорати шахсии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо дастури Роҳбари давла тамоми ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ барои дастгир кардани ҷинояткор сафарбар карда шудаанд.

Тибқи маълумоти ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар деҳаи Торбулоқи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара нақлиёти ба ҷинояткор тааллуқдошта, тамғаи Леганза рақами давлатияш 74-98 ВН 03, ки ба шаҳрванд Юсупов Ҷаъфариддин Садриддинович, соли таваллудаш 11.01.1997, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Норак кӯчаи Борбад 44, тааллуқ дорад, дарёфт гардид, осебҳои мошин аз он шаҳодат медиҳанд, ки автомашинаи мазкур ба ин ҷинояти содиршуда мансуб мебошад.

Гуфта мешавад, барои дастгир намудани ҷинояткор ва 3 нафаре, ки бо ӯ ҳамроҳӣ доштанд, аз ҷониби бригадаи тафтишотӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Дар минтақаҳои наздик ба ин мавзеъ Сарбанд, Бохтар, Вахш, Панҷ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Дар мавзеи деҳаи Торбулоқ шахсони ҷиноят содирнамуда муайян гардида, 1 нафар дастгир ва 2 нафар ҳангоми муқобилият намудан нобуд карда шуданд. Барои дастгир намудани дигар шарикони ҷинояткор чораҳо андешида шуда истодааст.

Рӯзи 29 июли соли 2018, соати 15.30-дақиқа, ҳангоми ҳаракати велосипедронони хориҷӣ дар ҳайати 7 нафар дар минтақаи ҷамоати Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз тарафи ронандаи нақлиёти ба тафтишот номаълум пахш карда шуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад.

Дар натиҷаи ин ҳодиса 3 нафар хориҷиён дар ҷои ҳодиса ва 1 нафар дар беморхонаи ноҳияи Дангара ба ҳалокат расиданд. Ба 3 нафар шаҳрвандон, ки ҷароҳатҳои сабук гирифтанд кӯмаки тиббӣ ва рӯҳӣ-равонӣ расонида шуда истодааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.