Ба ватан овардани 3 шаҳрванди ноболиғи тоҷик аз Русия

Бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 28 июл се нафар шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон (синни 3-сола, 7 ва 5-моҳа), ки бо сабабҳои гуногун волидонашон аз онҳо даст кашидаанд, ба ватан оварда шуданд. «Шаҳрвандони ноболиғи мазкур, ки дар нигоҳубини Мақомоти васоят ва парастории Русия қарор доштанд, ба намояндагони расмии сафорати Тоҷикистон супорида шуданд», – хабар медиҳад […]

Asia-Plus

Бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 28 июл се нафар шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон (синни 3-сола, 7 ва 5-моҳа), ки бо сабабҳои гуногун волидонашон аз онҳо даст кашидаанд, ба ватан оварда шуданд.

«Шаҳрвандони ноболиғи мазкур, ки дар нигоҳубини Мақомоти васоят ва парастории Русия қарор доштанд, ба намояндагони расмии сафорати Тоҷикистон супорида шуданд», – хабар медиҳад департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ.

Гуфта мешавад, ҷиҳати таҳвили минбаъдаи кӯдакон ба Ватан аз ҷониби сафорат фавран ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар чораҳои зарурӣ анҷом дода шуд.

Кӯдакони дар Русия партофташуда асосан кӯдаконе мебошанд, ки волидони муҳоҷирашон аз онҳо даст кашидаанд. Дар баъзе ҳолатҳо волидони онҳо маҳкум шуда, дар Русия адои ҷазо мекунанд.

Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ изҳор медорад, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон  ва баргардонидани онҳо ба Ватан мунтазам чораҳои муассир меандешад.

Қобили зикр аст, ки қаблан наздики 50 нафар чунин кӯдакон ба ватан баргардонида шуданд.

Нимаи моҳи октябри соли 2015 парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба қонунгузории ҷумҳуриро, ки тартиби ба фарзандӣ қабул кардани ятимон (писархонд, духтархонд) осонтар карда шуд, маъқул шуморид.

Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, имрӯз дар кишвар беш аз 46,2 ҳазор нафар ятимон расман ба қайд гирифта шудаанд, ки беш аз 2 ҳазор тан аз онҳо ҳам аз падару ҳам аз модар маҳруманд.

Айни замон беш аз 1,7 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар навбати ба фарзандӣ қабул кардани кӯдакони ятим қарор доранд. Тайи 5 сол ҳудуди 4 ҳазор нафар кӯдакон ба фарзандии оилаҳо қабул шуданд.

Аввали солҳои 2000-ум пас аз ба дасти одамфурӯшон афтодани якчанд кӯдакони фарзандхондшуда, Тоҷикистон фарзандхонии шаҳрвандони ҷумҳуриро аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ манъ кард.

Тибқи мукаррароти Кодекси оилаи Тоҷикистон, айни замон танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ба фарзандхонии кӯдакони ятими ҷумҳурӣ ҳуқуқ доранд.

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия аксар вақт бо сабабҳои молӣ аз кӯдакони худ даст мекашанд. Ҳамчунин ҳолатҳое низ ҳастанд, ки шаҳрвандони тоҷик дар ватани худ оила дошта, боз дар Русия фарзандонашон таваллуд мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.