Садама, ғоратгарӣ ва амали террористӣ: баррасии якчанд фарзия дар ҳодисаи Данғара

– Ҷузъиёти пурраи ҳодисаи рухдода дар Данғара алҳол маълум нест, – гуфт имрӯз зимни нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни амалиёти ошкор ва боздошти афроди ба ин ҳодиса дастдошта 1 нафар кушта,1 нафар боздошт ва боз 3 нафари дигар мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд. «Кушташуда силоҳи оташфишон бо худ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

– Ҷузъиёти пурраи ҳодисаи рухдода дар Данғара алҳол маълум нест, – гуфт имрӯз зимни нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни амалиёти ошкор ва боздошти афроди ба ин ҳодиса дастдошта 1 нафар кушта,1 нафар боздошт ва боз 3 нафари дигар мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

«Кушташуда силоҳи оташфишон бо худ дошт. Аз ин рӯ, қобили қайд аст, ки афроди мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта бо силоҳи оташфишон ё дигар навъи аслиҳа мусаллаҳ буда метавонанд», – қайд кард Раҳимзода.

Зимнан зикр гардид, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон ин парвандаро зери назорат гирифта, гурӯҳи тафтишоти ин ҳодисаро шахсан прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон роҳбарӣ мекунад», – иброз дошт вазир.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки яке аз сайёҳони захмишуда – шаҳрванди Фаронса бо ҷароҳат аз корд дар бемористон бистарӣ шуда, боз як сайёҳи дигар аз гурӯҳ қафо монда, намедонад, ки чӣ ҳодиса рух додааст.

Раҳимзода таъкид дошт, ки фарзияҳои гуногуни ҳодисаи рухдода мавриди баррасӣ қарор доранд.

«Феълан фарзияҳои садамаи нақлиёт, ҳамла бо мақсади ғоратгарӣ ва қатл баррасӣ мешавад. Ҳамчунин фарзияи амали террористӣ низ аз эҳтимол дур нест», – гуфт ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.