Ҳукумат сохтмони биноҳои истиқоматии пасттар аз 5-ошёнаро манъ кард

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз сохтмони биноҳои пастошёна дар марказҳои маъмурии ҷумҳурӣ даст кашад. Дар қарори қабулшуда санаи 21 июн дар ин робита қайд мешавад, ки бо назардошти рушди минбаъдаи шаҳрсозӣ ва маҳдудияти қитъаҳои замин дар кишвар, дар маҳаллаҳои аҳолинишини қисмати марказӣ, хиёбон ва кӯчаҳои асосии марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои кишвар сохтмони биноҳои истиқоматӣ […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз сохтмони биноҳои пастошёна дар марказҳои маъмурии ҷумҳурӣ даст кашад.

Дар қарори қабулшуда санаи 21 июн дар ин робита қайд мешавад, ки бо назардошти рушди минбаъдаи шаҳрсозӣ ва маҳдудияти қитъаҳои замин дар кишвар, дар маҳаллаҳои аҳолинишини қисмати марказӣ, хиёбон ва кӯчаҳои асосии марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои кишвар сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар сатҳи на камтар аз панҷ ошёна амалӣ шавад.

«Бо мақсади ҳифз, истифодаи оқилона ва пурсамари заминҳои обёришаванда ва пешгирии камшавии майдонҳои заминҳои кишт, зимни таҳияи нақшаҳои генералии рушди марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо ҳудудҳои мавҷудаи қаламрави онҳо ва деҳоти ҳамроҳшуда ба инобат гирифта шуда, бидуни асос гирифтани заминҳои кишоварзӣ ва ба таври иловагӣ ҷудо кардани онҳо барои сохтмони биноҳои истиқоматии шахсӣ ба истиснои ҷойгир шудани иншооти таъиноти стратегӣ ва истеҳсолӣ манъ карда шавад», – қайд мегардад дар санад.

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон начандон зиёд хонаҳои баландошёна сохта мешуданд, чунки ҷумҳурӣ дар минтақаи аз нигоҳи заминҷунбӣ хатарнок ҷойгир аст. Лекин коршиносон мегӯянд, зимни лоиҳакашии сохтмони биноҳо дар пойтахт тобоварии онҳо ба заминларзаи 9-балла ба назар гирифта мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.