Тоҷикистону Ӯзбекистон: парвози ҳавопаймоҳо бо се хатсайр

Ҳафтаи оянда парози нахустини ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Бухоро – Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Парвозҳои мунтазам бо ин хатсайрро ширкати хусусии ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом медиҳад, хабар дод директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Икром Субҳонзода. Ӯ қайд кард, ки санаи 28 июл ширкат парвозҳои мунтазам бо хатсайри Душанбе – Тошканд – […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳафтаи оянда парози нахустини ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Бухоро – Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Парвозҳои мунтазам бо ин хатсайрро ширкати хусусии ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом медиҳад, хабар дод директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

Ӯ қайд кард, ки санаи 28 июл ширкат парвозҳои мунтазам бо хатсайри Душанбе – Тошканд – Душанберо барқарор намуд. Вақти парвоз 45 дақиқаро ташкил дода, парвоз ҳафтае як маротиба – рӯзи ҷумъа тариқи ҳавопаймои навъи Боинг 737-300 сурат мегирад.

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда бо хатсайри Душанбе – Самарқанд – Душанбе парвоз анҷом дода, дар ҳавопаймои Boeing 737–300 дар парвози аввалини озмоишӣ 144 нафар мусофирон, аз ҷумла журналистони сершумор, блоггернависон ва намояндагони ҷомеа ҳузур доштанд.

Парвози дуюм бо ин хатсайр санаи 4 август дар назар буда, арзиши билет ба як самт 684 сомонӣ ва вақти парвоз 35 дақиқаро ташкил медиҳад.

Икром Субҳонзода зикр кард, ки парвозҳо байни шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ, ки моҳи марти соли ҷорӣ ба имзо расид, анҷом дода мешаванд.

Ширкатҳои иҷрокунандаи парвозҳо аз ҷониби Ӯзбекистон – «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ва аз ҷониби Тоҷикистон – «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» таъин шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.