Сафорати ИМА: ҳамлагарон ба ҳеҷ ваҷҳ муаррифгари мардуми меҳмоннавози тоҷик нестанд

– Сафорати ИМА дар мавриди масъалаи таҳқиқи ҳодиса дар Данғара бо ҳукуматдорони Тоҷикистон ҳамаҷониба ҳамкорӣ мекунад, – хабар дод ба «Азия-Плюс» афсар оид ба иттилооти сафорати ИМА дар Тоҷикистон Ҷефф Риденор. Ба гуфтаи ӯ, сафорат бераҳмии ҳамлагаронро маҳкум мекунад. «Ба оилаҳои фавтидагон ҳамдардӣ изҳор мекунем. Ҳарчанд тафтишот ҳоло давом дорад, далелҳое ҳастанд, ки ин ҳамла […]

Asia-Plus

– Сафорати ИМА дар мавриди масъалаи таҳқиқи ҳодиса дар Данғара бо ҳукуматдорони Тоҷикистон ҳамаҷониба ҳамкорӣ мекунад, – хабар дод ба «Азия-Плюс» афсар оид ба иттилооти сафорати ИМА дар Тоҷикистон Ҷефф Риденор.

Ба гуфтаи ӯ, сафорат бераҳмии ҳамлагаронро маҳкум мекунад.

«Ба оилаҳои фавтидагон ҳамдардӣ изҳор мекунем. Ҳарчанд тафтишот ҳоло давом дорад, далелҳое ҳастанд, ки ин ҳамла барқасдона (пеш тарҳрезишуда) сурат гирифтааст. Мо бераҳмии ҳамлагаронро маҳкум намуда, дарк мекунем, ки онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ муаррифгари мардуми меҳрубону меҳмоннавзи тоҷик нестанд», – иброз дошт ӯ.

Дар сафорат ҳамчунин қайд карданд, ки аз ифшои ному насаб ва нашри аксҳои шаҳрвандони фавтида худдорӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари бо автомашина пахш шудани як гурӯҳи сайёҳон дар роҳи ноҳияи Данғара 4 нафар ҳалок шуданд, ки ду тан аз онҳо шаҳрвандони ИМА мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, ВКД Тоҷикистон аксҳои гумонбаронро дар содир намудани ин ҷиноят, ки  мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд, нашр намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.