МТС ва Кумитаи рушди сайёҳӣ аз фоҷеаи роҳи Данғара андӯҳгинанд

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар зимни нишасти хабарии имрӯза фоҷеаи дар роҳи Данғара рухдодаро маҳкум намуда, изхор дошт ки “ин воқеъа барои Тоҷикистон падидаи нигаронкунанда аст”. “Мо аввал фиер доштем, ки ин садамаи нақлиёт аст. Лекин баъд маълум шуд, ки гунаҳкорон аз ҷойи ҳодиса гурехта, ба ҷабрдидагон кумак накардаанд, ки ин […]

Asia-Plus

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар зимни нишасти хабарии имрӯза фоҷеаи дар роҳи Данғара рухдодаро маҳкум намуда, изхор дошт ки “ин воқеъа барои Тоҷикистон падидаи нигаронкунанда аст”.

“Мо аввал фиер доштем, ки ин садамаи нақлиёт аст. Лекин баъд маълум шуд, ки гунаҳкорон аз ҷойи ҳодиса гурехта, ба ҷабрдидагон кумак накардаанд, ки ин аллакай ҷиноят аст. Ҳоло натиҷаҳои тафтишот эълон нашуда, аз ин рӯ, чизеро шарҳ додан мушкил аст. Ҳодисаҳои садамаи нақлиёт бо сайёҳон дар тамоми ҷаҳон рух медиҳанд, мутаассифона, аз ин касе дар канор монда наметавонад”, – гуфт ӯ.

Ба ақидаи Худойбердӣ Холиқназар, табиист, ки чунин ҳодисаҳо ба обрӯву эътибори кишвар таъсири манфӣ мерасонанд.

“Дар баробари ин, ба назарам, ин ҳодиса ба рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ таъсири манфии ҷиддӣ намерасонад. Албатта, ин ҷо ВАО нақш бозида метавонанд, яъне аз кадом нигоҳ, бо кадом ҳадаф ва воқеӣ ин рӯйдод инъикос мегардад”, – иброз дошт номбурда.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода низ зимни нишасти хабарӣ нигаронии ниҳодашро аз ин ҳодиса изҳор намуда, ба наздикону пайвандони фавтидагон тасаллият изҳор кард.

Дар баробари ин раиси Кумита қайд кард, ки ин ҳодиса набояд ба вуруди сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон таъсир расонад. Абдуғаффорзода овозаҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бобати аз сафар ба Тоҷикистон даст кашидани сайёҳони хориҷӣ баъди огаҳӣ аз ин ҳодиса рад кард.

“Ин овозаҳо беасосанд. Ба дасти мо чунин маълумот нарасидааст. Сайёҳон ба пешакӣ фармоиш додан (бронирование)-и билетҳо ба Тоҷикистон ва саёҳати худ идома медиҳанд”, – илова кард ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.