Тирпарронӣ дар сарҳад: ҳалокати ду ҷангалбони тоҷик

Дар сарҳад бо Афғонистон дар соҳили дарёи Панҷ нимаи дуюми рӯзи 26 август аз тири ҷангиёни ҳаракати “Толибон” ду ҷагалбони тоҷик ҳалок ва як нафар захмӣ шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон. Ҳодиса дар қитъаи байни дидбонгоҳҳои сарҳадии 3 ва 4-и Ҳамадонӣ рух додааст. Сокинони ноҳияи Фархор, ки дар автомашинаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар сарҳад бо Афғонистон дар соҳили дарёи Панҷ нимаи дуюми рӯзи 26 август аз тири ҷангиёни ҳаракати “Толибон” ду ҷагалбони тоҷик ҳалок ва як нафар захмӣ шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон.

Ҳодиса дар қитъаи байни дидбонгоҳҳои сарҳадии 3 ва 4-и Ҳамадонӣ рух додааст. Сокинони ноҳияи Фархор, ки дар автомашинаи тамғаи “Нива” ҳаракат доштанд, ҳадафи тирпарронӣ аз самти Афғонистон қарор гирифтаанд. Дар натиҷа Амирхон Саидови 53-сола ва Давлат Сангакови 50-сола ҳалок ва Сафархон Раҳмонов захмӣ шудааст. Ҳамаи онҳо ба сифати ҷангалбон кор мекарданд.

Қобили зикр аст, ки ноҳияи Фархори Тоҷикистон бо ноҳияи Дарқади вилояти Таххор дар шимоли Афғонистон ҳамсарҳад аст. Чанд рӯз пеш ҷангиёни толибон гузаргоҳи “Ойхоним”-ро дар ин минтақа тасарруф намуда, беш аз 10 нафар сарҳадбононро ба ҳалокат расониданд.

Аз рӯи далели тирпарронӣ аз он сӯи марз ба шаҳрвандони Тоҷикистон мақомоти прокуратура тафтишот мебарад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.