Ҳалокати чандин нафар дар пайи садамаҳои марговари зарфи як шабонарӯзи охир

Зарфи як шабонарӯзи охир бар асари ду садамаи марговар чандин нафар аз шаҳрвандони кишвар ҷони худро аз даст доданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, 30 сентябри соли равон тахминан солаи 19:30 дар қаламрави деҳаи Кушайи ноҳияи Лахш мошини тамғаи “ЗИЛ”, ки дар он 12 нафар савор […]

Asia-Plus

Зарфи як шабонарӯзи охир бар асари ду садамаи марговар чандин нафар аз шаҳрвандони кишвар ҷони худро аз даст доданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, 30 сентябри соли равон тахминан солаи 19:30 дар қаламрави деҳаи Кушайи ноҳияи Лахш мошини тамғаи “ЗИЛ”, ки дар он 12 нафар савор буданд, аз баландии 100-120 метр ба ҷарӣ фурӯ рафт. Дар натиҷаи ин ҳодиса 7 нафар ҷони худро аз даст доданд ва 5 тани дигар дар бемористон бистарӣ шуданд.

Дар 190-ум километри шоҳроҳи  Душанбе – Чаноқ бархӯрди мошини тамғаи “Ҷип” таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон, ки дар он ду шаҳрванди Хорватия савор буданд ва мошини тамғаи Тойота Королла (Toyota Corolla) таҳти идораи шаҳрванди 44-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дида шуд.

Бар асари ин бархӯрд ронандаи мошини Тойота Королла ҳалок гардид ва мусофирони дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд интиқол дода шуданд.  

Яке аз сабабҳои асосии ин садамаҳоро Кумита ба риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо, боло бурдани суръати ҳаракати мошинҳо ва беэҳтиётиву каммасъулиятии ронандагон нисбат медиҳад.

Дар ҳамин иртибот бори дигар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи ронандагони мошинҳо муроҷиат мекунад ва барояшон ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо хеле эҳтиёткор бошанд ва дигар равандагони роҳҳоро эҳтиром кунанд. Дар гузаргоҳҳо ва дигар қитъаҳои роҳҳо ногаҳон пайдо шудани роҳгузарон эҳтимол дорад ва суръати баланди ҳаракати мошинҳо метавонад сабабгори марги инсонҳо шавад. Бахусус, нисбати пиёдаравони кӯдак ва одамони солманд ботаваҷҷӯҳ бошед!

Ғайр аз ин КҲФ таваҷҷӯҳи шаҳрвандонро ба он ҷалб мекунад, ки одамонро ҳатман дар воситаҳои техникии махсус таҷҳизонидашуда метавон аз ҷойе ба ҷойи дигар бурд. 

Дар роҳҳои дохили шаҳр ва берун аз он хеле эҳтиёткор бошед ва ба боло бурдани суръати ҳаракат роҳ надиҳед. Ҳангоми гардиш чароғакҳои ишоракунанда ба самти гардишро фурӯзон кунед, аз оинаи бари мошин ба роҳ нигаред ва асоситар аз ҳам дар ин гуна ҳолатҳо талош кунед суръати ҳаракатро баланд накунед.

Ҳангоми омодагӣ ба сафари дур ҳатман мошинро аз назар гузаронед, ҳолати техникии онро ба санҷед. Ба коршоямии тормозҳо ва таҷҳизоти барқии он диққат диҳед.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД ВА ҶОНИ ХУДУ ҶОНИ ҲАМСАФАРОНИ ХУДРО ДАР ХАТАР НАГУЗОРЕД!

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ