Сокини Душанбе модари 62-солаи худро ба қатл расонид

Кормандони милитсия марди 35-солаи сокини кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, шоми рӯзи 29 сентябр ҳангоми дар хонаи истиқоматиашон дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш бо сабаби ба миён омадани муноқишаи оилавӣ ӯ бо модараш, зани 62-сола ҷангу ҷанҷол мекунад. Гуфта […]

Кормандони милитсия марди 35-солаи сокини кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, шоми рӯзи 29 сентябр ҳангоми дар хонаи истиқоматиашон дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш бо сабаби ба миён омадани муноқишаи оилавӣ ӯ бо модараш, зани 62-сола ҷангу ҷанҷол мекунад.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни муноқиша ӯ бо корди ошхонагии дасташ як маротиба ба шикам ва як маротибаи дигар ба гардани модараш задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки далели шайъӣ 1-адад корд гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.