Диловар Гулов ба як соли зиндон маҳкум шуд

Суди ноҳияи Шоҳмансур Диловар Гулов, писари собиқ вазири энергетикаи ҷумҳуриро ба як соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми суд санаи 2 ноябр содир гардид. Тавре ба “Азия-Плюс” аз суди ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд, Гулов худро дар даст доштан ба лату кӯби Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола, корманди Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон қисман гунаҳкор эътироф намуд. […]

Суди ноҳияи Шоҳмансур Диловар Гулов, писари собиқ вазири энергетикаи ҷумҳуриро ба як соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми суд санаи 2 ноябр содир гардид.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз суди ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд, Гулов худро дар даст доштан ба лату кӯби Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола, корманди Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон қисман гунаҳкор эътироф намуд.

“Диловар Гулов мутобиқи моддаи 237, қ. 3, б. “а” Кодекси ҷиноятии ҶТ (Авбошие, ки бо истифодаи яроқ ё предмети ба сифати яроқ истифодашаванда содир шудааст) гунаҳкор дониста шуда, ба 1 соли зиндон маҳкум шуд. Муҳлати ҷазоро ӯ дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид адо мекунад”, – гуфтанд дар суд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, мувофиқи моддаи 63 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Таъини ҷазои сабуктар нисбат  ба ҷазое, ки  барои  ин ҷиноят  пешбинӣ шудааст) ва назардошти ду кӯдаки ноболиғ доштани айбдоршаванда ва ҳамчунин самимона ба гуноҳаш иқрор шудан ва узр хостан аз ҷабрдида, суд ҷазои ӯро сабуктар кард.

Ёдрас мекунем, ки корманди Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон Дилшод Нарзуллозода санаи 8 июл бар асари муноқишаи лафзӣ бо Диловар Гулов дар яке аз кӯчаҳои пойтахт мавриди лату кӯб қарор гирифта, дар натиҷа бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.