Кумакрасонони Тоҷикистон зиёду худи кумак камтар мешавад

Давоми даҳ моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии наздики 39 млн. доллар кумаки башардӯстона ворид гардид. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, имсол 57 кишвари дунё ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона расонидаанд, ки вазни умумиаш беш аз 20 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Кишварҳои асосии мададрасони Тоҷикистон моҳҳои январ-октябри имсол Ҳиндустон (16,2% аз […]

Asia-Plus

Давоми даҳ моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии наздики 39 млн. доллар кумаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, имсол 57 кишвари дунё ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона расонидаанд, ки вазни умумиаш беш аз 20 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Кишварҳои асосии мададрасони Тоҷикистон моҳҳои январ-октябри имсол Ҳиндустон (16,2% аз ҳаҷми умумии кумак) ва Русия (15,6%) дониста мешаванд. Ба ин ду кишвар қариб ҳудуди сеяки кумаки башардӯстона аз ҳаҷми умумӣ рост меояд.

Панҷяки кумак ба Швейтсария ва Чин рост меояд, ки ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумӣ мутаносибан ба 11,2% ва 11,1% баробар аст.

Қобили зикр аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми кумаки имсолаи башардӯстона ба Тоҷикистон қариб ду баробар кам шудааст: тӯли моҳҳои январ-октябри соли 2017 ҷумҳурӣ ба маблағи умумии беш аз 65,1 млн. доллар кумаки башардӯстона гирифта буд.

Дар ҳамин ҳол, соли гузашта шумори кишварҳои мададрасон камтар – 51 давлат буд. Соли пешин зиёда аз нисфи кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон ба Чин (33,6%) ва Русия (19,2%) рост омада буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.