Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Афғонистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита амали террористӣ дар шаҳри Кобул, ки ба ҳалокати даҳҳо нафар боис гардид, ба президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбути сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани  теъдоди зиёди мардум бар асари […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита амали террористӣ дар шаҳри Кобул, ки ба ҳалокати даҳҳо нафар боис гардид, ба президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбути сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани  теъдоди зиёди мардум бар асари ҳамлаи маргталабона ба ҷамъомади бузурги бахшида ба мавлуди набавӣ дар Кобул боиси андуҳи  мардуми Тоҷикистон гардид.

“Мо ин аъмоли ғайринсонии террористонро қатъиян маҳкум карда, ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба Шумо, Ҷалолатмаоб, тамоми мардуми дӯсти Афғонистон изҳор менамоем ва ба наздикону пайвандони қурбоншудагон сабри ҷамил хоҳонем. Аз даргоҳи Худованд ба ҳамаи осебдидагон шифои комилро масъалат дорем”, – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки бар асари ҳамлаи маргталабона ба меҳмонхонае дар шаҳри Кобул, ки ҷашни мавлуди пайғамбар дар он баргузор мешуд, 50 нафар ҳалок ва беш аз 80 тани дигар захмӣ шуданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, маргталаб 20 ноябр ба толори ҷашние, ки дар он руҳониёни афғон ҷамъ омада буданд. ҳамла карда, худро дар байни маърака мунфаҷир кард. Масъулияти ин ҳамлаи пурқурбонии моҳи равонро то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.