Ҳабси ҳафт корманди зиндони Хуҷанд барои хунукназарӣ

Нисбати ҳафт кормандони муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд, ки шаби 8 ноябр дар ин ҷо ошӯби маҳбусон сар зад, барои хунукназарӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаи муътамад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд. Бино ба гуфтаи манбаъ, суди шаҳри Хуҷанд ба ҳабси ҳафт корманди муассиса иҷоза дода, […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Нисбати ҳафт кормандони муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд, ки шаби 8 ноябр дар ин ҷо ошӯби маҳбусон сар зад, барои хунукназарӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаи муътамад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, суди шаҳри Хуҷанд ба ҳабси ҳафт корманди муассиса иҷоза дода, онҳо ҳафтаи гузашта боздошт ва дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Я/С 9/2-и Хуҷанд нигаҳдорӣ мешаванд.

“Нисбати сардори муассиса Файзулло Сафарзода, сардори шуъбаи таъмини тартиботи ҳуқуқӣ Дилшод Собиров ва боз панҷ нафар кормандони муассиса мувофиқи моддаи 322, қисми 2 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвнадаи ҷиноӣ боз шуд", – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки шаби 8 ноябр дар муассисаи ислоҳии низомаш шадиди шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар маҳалли 16-ум ошӯби маҳбусон сар зад. Ба нерӯҳои таъиноти махсуси милитсия муяссар шуд, ки ошӯбро саркӯб намоянд. Тибқи маълумоти ВАО, дар ҷараёни саркӯб кардани ошӯб дар муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд 25 нафар – 23 маҳбус ва 2 корманди зиндон ҳалок шудаанд.

Дар бораи ҳодисаи рухдода дар муассисаи ислоҳии низомаш шадиди №3/3-и шаҳри Хуҷанд мақомоти расмӣ то ҳол ҳеҷ шарҳу тавзеҳе намедиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт рӯзи 20 июн бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии рафти таҳқиқи ошӯб дар зиндони Хуҷанд дидору гуфтушунид кард.

“Кордори муваққатии умури ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт бо шахсони мансабдори Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрд, то ки дар бораи тадбирҳои ҳукумат ҷиҳати тафтиши ҳодисаи исён дар зиндони Хуҷанд огаҳӣ пайдо намояд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии дипломатии амрикоӣ.

Дар сафорат таъкид доштанд, ки зимни мулоқот Кевин Коверт ба он исрор варзидааст, ки зимни таҳқиқи ин ҳодиса волоияти қонун фаромӯш нашавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1931 – Корхонаи шароббарории Душанбе, ки нахустин завод дар қисмати марказии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ба истифода дода шуд. Соли 1957 – Аввалин...

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.