Парлумони Тоҷикистон Буҷети давлатии соли 2019-ро қабул кард

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019” ҷонибдорӣ намуд. Ҳаҷми умумии буҷет соли оянда ба миқдори 2,7 млрд. сомонӣ афзуда мешавад. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода қайд кард, ки ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ барои соли 2019 дар ҳаҷми 23 […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019” ҷонибдорӣ намуд. Ҳаҷми умумии буҷет соли оянда ба миқдори 2,7 млрд. сомонӣ афзуда мешавад.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода қайд кард, ки ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ барои соли 2019 дар ҳаҷми 23 млрд. 774 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки аз буҷети имсола 2,7 млрд. сомонӣ зиёдтар мебошад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли оянда ба маблағи 24 млрд. 165 млн. сомонӣ муқаррар шудааст.

Маблағгузорӣ ба мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ – беш аз 1,2 млрд. сомонӣ, маориф – наздики 4,4 млрд. сомонӣ, тандурустӣ – зиёда аз 1,7 млрд. сомонӣ ва хароҷот ба суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – ҳудуди 3,7 млрд. сомонӣ, чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ ва солимгардонӣ – 740 млн. сомонӣ, Хоҷагии манзилию коммуналӣ, экология ва хоҷагии ҷангал – 962 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ба комплески таъминоти сӯзишворӣ ва энергетика – маблағгузории беш аз 4,1 млрд. сомонӣ, соҳаи кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор – 915 млн. сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия – беш аз 1,7 млрд. сомонӣ ва дигар бахшҳои иқтисод ва хизматгузорӣ – наздики 46 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳаҷми дигар хароҷоти ба маблағи ҳудуди 2,6 млрд. сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳаҷми ҳадди ниҳоии касри Буҷети давлатӣ барои соли оянда 0,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё худ ҳудуди 391 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Барои пардохти қарзи асосии хориҷии кишвар дар соли оянда ҷудо гардидани беш аз 1,2 млрд. сомонӣ ва пардохти қарзи дохилӣ – наздики 222 млн. сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст.

Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон дар соли оянда дар ҳаҷми 350 млн. сомонӣ тасдиқ шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.