Боздошти сокини Шуғнон, ки аз ҷавобгарӣ дар Русия паноҳ бурданӣ буд

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон сокини 40-солаи ноҳияи Шуғнон Мунъим Азратқуловро, ки дар доираҳои ҷиноятпеша бештар бо лақаби “Мишел” маъруф аст, дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе боздошт намуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ӯ ба Русия парвоз карданӣ будааст, то ки аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар он ҷо паноҳ барад. Гуфта мешавад, аввали соли равон […]

Asia-Plus

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон сокини 40-солаи ноҳияи Шуғнон Мунъим Азратқуловро, ки дар доираҳои ҷиноятпеша бештар бо лақаби “Мишел” маъруф аст, дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ӯ ба Русия парвоз карданӣ будааст, то ки аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар он ҷо паноҳ барад.

Гуфта мешавад, аввали соли равон боздоштшуда ҳамроҳ бо шарикаш, сокини 30-солаи шаҳри Душанбе бо номи Гадоматов бо истифода аз таппончаи тамғаи «Макаров» ба як сокини пойтахт таҳдид намуда, аз ӯ маблағи пулиро дар ҳаҷми 9 ҳазору 300 доллари ИМА ва 10 ҳазор сомонӣ тасарруф намудаанд.

Ҳамчунин хотиррасон мешавад, ки Азратқулов қаблан барои содир намудани ғоратгарӣ дар Русия маҳкум шуда, дар муассисаи ислоҳии № 5 шаҳри Владимири вилояти Владимир ҷазои маҳрумӣ аз озодиро адо намудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.