Ба омӯзгори дағалгуфтор 5 рӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин шуд

Ҷавонзани 23-солаи сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсия дар бораи он шикоят кард, ки дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт як ҷавон ӯро таҳқир кардааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти РВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ҷавондухтар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат намуда, изҳор дошт, ки ҷавон шаъну шарафи ӯро паст зада, бо ӯ дағалгуфториву […]

Asia-Plus

Ҷавонзани 23-солаи сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсия дар бораи он шикоят кард, ки дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт як ҷавон ӯро таҳқир кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти РВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ҷавондухтар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат намуда, изҳор дошт, ки ҷавон шаъну шарафи ӯро паст зада, бо ӯ дағалгуфториву мавриди таҳқир қарор додааст.

Аз рӯи ин далел кормандони милитсия сокини 24-солаи пойтахт, корманди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шарифҷон Розиқовро боздошт мекунанд.

Бо қарори суди ноҳияи Сино ба Шарифҷон Розиқов барои майдаавбошӣ 5 шабонарӯзи ҳабси маъмурӣ таъин шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.