Ҳалокати духтарчаи 6-сола зери чархи ду автомашина

Ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107” Абдулло Мирзоеви 34-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ зимни ҳаракат аз маркази ноҳия ба самти ҷамоати деҳоти Сомониён аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, сокини маҳаллӣ Лайло Абдуллоеваи 6-соларо пахш менамояд. Бино ба маълуомти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, баъди ин автомашинаи самти муқобили роҳ, тамғаи “Тойотоа-Королла” таҳти идораи сокини 30-солаи ноҳияи […]

Asia-Plus

Ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107” Абдулло Мирзоеви 34-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ зимни ҳаракат аз маркази ноҳия ба самти ҷамоати деҳоти Сомониён аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, сокини маҳаллӣ Лайло Абдуллоеваи 6-соларо пахш менамояд.

Бино ба маълуомти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, баъди ин автомашинаи самти муқобили роҳ, тамғаи “Тойотоа-Королла” таҳти идораи сокини 30-солаи ноҳияи Ёвон Умедҷон Муродалиев низ аз болои ӯ мегузарад, ки дар натиҷа духтарча дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, дар мавриди муайян кардани ҳолату сабабҳои рух додани ин ҳодиса аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохили ҷумҳурӣ таҳқиқот ҷараён дорад.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, тӯли 10 моҳи соли равон бар асари 1 ҳазору 109 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт дар роҳҳои кишвар беш аз 337 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 157 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.