Талаби Mercedes-Benz барои озодии сарбоз аз идомаи хизмат

Командири взводи қисми ҳарбии 07017-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз сарбоз ба сифати пора автомашинаи тамғаи Mercedes-Benz дархост намудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зиддифасод, афсар Амиршо Раҳмонов аз сарбози зертобеъаш барои аз адои минбаъдаи хизмати ҳарбӣ озод намудан 15 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст. “Вале вақте мефаҳмад, ки барои пайдо кардани ин миқдор маблағ […]

Asia-Plus

Командири взводи қисми ҳарбии 07017-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз сарбоз ба сифати пора автомашинаи тамғаи Mercedes-Benz дархост намудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зиддифасод, афсар Амиршо Раҳмонов аз сарбози зертобеъаш барои аз адои минбаъдаи хизмати ҳарбӣ озод намудан 15 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст.

“Вале вақте мефаҳмад, ки барои пайдо кардани ин миқдор маблағ падари сарбоз автомашинаи шахсии тамғаи Mercedes-Benz-ашро фурӯхтанист, дархост менамояд, ки ин автомашина ба номи ӯ ба расмият дароварда шавад”, – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, афсар аз ҷониби кормнадони Агентӣ ҳангоми ҳуҷҷатгузорӣ ва ба номи худ ба расмият даровардани автомашина дастгир шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати боздоштшуда мутобиқи қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.