Президенти Покистон сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Сафири Тоҷикистон Исматулло Насредин эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон, Др. Ориф Алвӣ супорид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, маросими супурдани эътимоднома дар Қасри Айвони Садри Исломобод доир гардидааст. Гуфта мешавад, баъд аз маросими супоридани эътимоднома суҳбати президенти Покистон бо сафири Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар рафти он салому паёми  Президенти Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон Исматулло Насредин эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон, Др. Ориф Алвӣ супорид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, маросими супурдани эътимоднома дар Қасри Айвони Садри Исломобод доир гардидааст.

Гуфта мешавад, баъд аз маросими супоридани эътимоднома суҳбати президенти Покистон бо сафири Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар рафти он салому паёми  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои покистонии ӯ иброз карда шуд.

Гуфта мешавад, Др.Ориф Алвӣ низ ба Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон салому паём ва эҳтироми хоссаи худро арз намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки суҳбат дар мавзӯҳои ҳамкории сиёсӣ, ҳарбӣ, амниятӣ, тиҷоратӣ, роҳу нақлиёт ва ғайраҳо сурат гирифта, президенти Покистон  таваҷҷуҳи кишварашро ба татбиқи саривақтии лоиҳаи CASA-1000 таъкид намуд.

Исматулло Насредин аввали моҳи феврали соли ҷорӣ сафири Тоҷикистон дар Исломобод таъин шуда, қаблан ба ҳайси муовини вазири корҳои хориҷии ҷумуҳрӣ фаъолият дошт.

Др.Ориф Алвӣ, номзад аз ҳизби ҳокими Покистон “Таҳрик-и-Инсоф” моҳи сентябри соли гузашта президенти 13-уми Покистон интихоб шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.